Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Оқтеппа ба додгоҳ рафт


Додситони вилоятии Оқтеппаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки таҳқиқи парвандаи ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 5 июн, ки дар Оқтеппа сурат гирифт, ба анҷом расида ва ба додгоҳ ирсол шудааст. 29 айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст, ки 28 нафарашон дар боздошт ҳастанд.

Аз ин шумор, тибқи иттилои расмӣ, 9 шаҳрванд "бевосита дар ҳамлаҳо ширкат карда", 18 шаҳрванди дигар "иттилоъ дар бораи ҳамларо пинҳон кардаанд", ду шаҳрванд "ҷинояткоронро паноҳ додаанд".

Додситонӣ мегӯяд, айбдоршавандаҳо "гуноҳи худро комилан эътироф кардаанд". Онҳо бо моддаҳои гуногун айбдор мешаванд. Нисбати 18 гумонбаре, ки зимни ҳамла кушта шуданд, тафтишот қатъ гардидааст.

101 шаҳрванд ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст.

Дар шаҳри Оқтеппа 5 июн ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар он ҳамла 26 гумонбари экстремист ширкат доштанд. Дар ҷараёни ҳамла ва амалиёти низомии мақомот бештар аз 20 кас кушта шуда, наздики 40 тани дигар захм бардошт. Мақомот ин ҳамларо "кори дасти гуруҳи тундгарои маҳзабӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG