Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон эҳтимоли таҳримҳо алайҳи Русияро меомӯзад


Дар посух ба амалкардҳои Русия дар Сурия - Олмон эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳрим алайи ин кишварро баррасӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 6 сентябр нашрияи "The Wall Street Journal" бо такя ба манбаҳои наздик ба доираҳои сиёсии Олмон хабар дод. Намояндаи садри аъзами Олмон аз шарҳи ин хабар худдорӣ кард ва вазорати хориҷии ин кишвар гуфт, ки намедонад кӣ чунин пешниҳодро матраҳ кардааст.

Аммо нашрияи "The Wall Street Journal" мегӯяд, ки аломатҳои дилсардии Аврупо аз амалкардҳои Русия дар Сурия, якҷо бо нигарониҳо аз буғранҷ шудани мавзӯи паноҳандагон ба мушоҳида мешавад.

Рӯзи сешанбе низомиёни Сурия гуфтанд, ки суръати бомбаборони қисмати шарқии Ҳалабро, ки дар дасти шӯришиён аст, коҳиш медиҳанд. Ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки бо иштироки ҳавопаймоҳои Русия пиёда шудаанд, ба хисороти зиёд дар байни аҳолии мулкӣ мунҷар шуда хашми ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.

XS
SM
MD
LG