Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон муҳлати хизмати қарордодиро 5 сол таъин кард


Дар Узбакистон рӯзи 23 сентябри имсол қонуни нав қабул шуда, барои хизмати қарордодӣ муҳлати нав таъин гардидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд. Тибқи қонуни нав, муҳлат ва шартҳои асосии адои хизмати низомӣ дар қарордод дарҷ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, шартномаи ибтидоӣ бо онҳое, ки ба хизмати воқеии ҳарбӣ тибқи қарордод шомил мешаванд, ба муҳлати панҷ сол баста мешавад. То ин замон низомиҳои қаторӣ ва ҳайати афсарон ба муҳлати се сол қарордод мебастанд.

XS
SM
MD
LG