Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати "вазъи фавқулода" дар Туркия се моҳ дароз шуд


Нуман Куртулмуш, муовини сарвазири Туркия, гуфт, мақомоти ин кишвар тасмим гирифтаанд, то ҳолати фавқулодаеро, ки баъди кӯшиши табаддулоти давлатии моҳи июл эълон шуда буд, се моҳи дигар дароз кунанд. Нуман Куртулмуш баъди ҷаласаи ҳукумати Туркия дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, қарори тамдид 19 октябр ба иҷро медарояд.

Ҳолати фавқулодаро дар Туркия 20 июли соли равон, дақиқтараш панҷ рӯз баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки ба кушта шудани на камтар аз 270 нафар сабаб шуд, эълон карданд.

Туркия дар ин исён руҳонии фирории муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро айбдор медонад. Аммо худи Гулен ҳама гуна пайвандаш бо табаддулотро рад кардааст. Аз моҳи июл инҷониб наздики 32 ҳазор одам боздошт ва ҳазорон тани дигар бо гумони даст доштан дар кӯшиши табаддулот аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

XS
SM
MD
LG