Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев барои дуои неки мардуми Қирғизистон ташаккур кард


Алмосбек Отамбоев ҳамроҳ бо ҳамсараш аз Маскав ба Бишкек баргашт
Алмосбек Отамбоев ҳамроҳ бо ҳамсараш аз Маскав ба Бишкек баргашт

Президент Алмосбек Отамбоев шаҳрвандони Қирғизистонро барои дастгирӣ ва дуоҳои некашон баъди он ки ӯ, ба қавли худаш, дучори сактаи қалбӣ шуд, ташаккур кард. Дар изҳороте, ки рӯзи 3 октябр расонаӣ шуд, Отамбоев гуфтааст, ба тамоми мардуми Қирғизистон барои пуштибонӣ ва хайрхоҳиашон дар амри кумак дар мубориза бо ин беморӣ миннатдорӣ баён мекунад. Отамбоев рӯзи 1 октябр баъди аз бемористони Маскав озод шуданаш, ба Бишкек баргашт. Ӯ рӯзи 19 сентябр ҳангоми парвоз ба ИМА барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз дарде дар қафаси сина шикоят кард ва дар байни роҳ дар Туркия фуруд омада, нахуст ба як бемористони ин кишвар ва рӯзи 23 сентябр барои муолиҷа ба Маскав парвоз кард. Рӯзи 3 октябр Отамбоев гуфт, дубора сари кор баргаштааст ва дар ин рӯз бо раиси дастгоҳ Фарид Ниёзов ва раиси Шӯрои амнияти миллӣ Темир Ҷумъақодиров гуфтугӯ кард.

XS
SM
MD
LG