Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ дар сади хоки Афғонистон дар дасти Толибон


Ҷон Николсон мегӯяд, Толибон фақат дар 10 дар сади қаламрави Афғонистон тассалут доранд.
Ҷон Николсон мегӯяд, Толибон фақат дар 10 дар сади қаламрави Афғонистон тассалут доранд.

Як фармондеҳи баландрутбаи амрикоӣ мегӯяд, 10 дар сади қаламрави Афғонистон дар дасти Толибон аст ва ин гурӯҳи ифротӣ барои ба даст овардани 20 дар сади дигари қаламрави кишвар бо нерӯҳои марказӣ меҷангад. Генерал Ҷон Николсон рӯзи 23-уми сентябр дар вазорати дифои Амрико дар Вашингтон ҳамчунин гуфт, бештар аз 1300 ҷангҷӯи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва аз раҳбаронашон дар Сурия кӯмаку ҳидоят ва дастгирӣ меёбанд. Вай афзуд, Афғонистон дар ҷанг бо гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ баҳои гароне мепардозад ва талафоти зиёд медиҳад. Ба гуфтаи фармондеҳи амрикоӣ дар Афғонистон, аксари сарбозон дар посгоҳҳо кушта мешаванд, дуруст мусаллаҳу муҷаҳҳаз нестанд ва тамрини хуб надидаанд. Ҷон Николсон ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои амрикоӣ ва афғон аксари раҳбарону аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистонро куштаанд ва ҳоло аъзои ин гурӯҳ фақат бар се то чаҳор ноҳия тасаллут доранд. Як сол пеш 10 ноҳия дар дасти онҳо будааст. Ба қавли генерали амрикоӣ, ин ҷангҷӯён умдатан дар вилояти Нангарҳор ва аъзои собиқи Толибон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG