Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$3 миллиарди ҳамсари муассиси Фейсбук дар мубориза бо беморӣ


Муассиси Фейсбук Марк Сукерберг ва ҳамсари ӯ Приселла Чан барои пажуҳишҳои мубориза бо маризиҳо дар саросари олам, дар даҳсолаи оянда, 3 миллиард доллар ихтисос медиҳанд. Изҳороти ин ҷуфт рӯзи 21 сентябр дар Сан Франсиско пахш шуд. Сукерберг ва Чан соли гузашта гуфта буданд, ки $45 миллиарди ҳиссаи худро дар Фейсбук барои "рушди тавоноиҳои инсонӣ ва таблиғи баробарҳуқуқӣ" эҳдо мекунанд, аммо мушаххасан нагуфтанд, ки ин маблағ дар куҷо сарф мешавад.

Ваъдаи эҳдо дафъатан баъди таваллуди духтари онҳо, Макс пахш шуда буд. Марк Сукерберг рӯзи гузашта гуфт, ки ҳадафи онҳо гирифтани ҷилави ҳамаи маризиҳост ё ҳадди ақал кумак ба пажуҳишгаронест, ки роҳи пешгирии бемориҳои табобатнашавандаро пайдо мекунанд. Нахустин бахши маблағи иборат аз $600 миллион барои таъсиси маркази илмиву биологӣ дар Сан Франсиско сармоягузорӣ мешавад.

Соли гузашта, вақте Сукерберг ва Чан ҳадафи худро эълон карданд, аз тарафи баъзе коршиносони умури "филантропия" танқид шуданд, ки мегуфтанд, барномаи ин ду нафар шаффоф нест ва роҳро барои дахолати донорҳои зиёд боз мекунад.

XS
SM
MD
LG