Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Аз ҳуҷуми ҷангҷӯён дар назди Ҳалаб ҷилавгирӣ шуд


Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои давлатии Сурия бо кумаки ҳавопаймоҳои Русия аз ҳамлаи "террористҳо" дар қисмати шимолии шаҳри Ҳалаб пешгирӣ карданд. Ба гуфтаи вазорат, субҳи 20 сентябр дар ҷараёни даргирӣ дар минтақаи Ал-Шақиф 40 ҳамлагар кушта шуд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мошинҳои ҷангӣ ва борбарҳои ҳамлагарон, ки мусалсал (пулемет) доштанд, дар ин даргирӣ маҳв шуданд. Рӯзи гузашта низомиёни Сурия гуфтанд, оташбаси якҳафтагӣ бо миёнҷигии Русия ва ИМА ба поён расид. Русия мегӯяд, дар ҳоле, ки ошӯбгарон ҳуҷумро қатъ намекунанд, риояти якҷонибаи оташбас аз тарафи Сурия маънӣ надорад. Дар ҳамин ҳол Амрико гуфт, аз ҳамла ба корвони хайрия дар наздикии Ҳалаб, ки ба гуфтаи фаъолони Сурия 12 кушта ба ҷой гузошт, шадидан нороҳат шудааст. Созмони Милали Муттаҳаид низ ҳуҷум ба корвони хайрияро тасдиқ кард, аммо маълум нест, ки ҳавопаймоҳои кадом ҷониб ба ин корвон зарба задаанд.

XS
SM
MD
LG