Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амир ба муколамаи Эрон бо давлатҳои арабӣ даъват кард


Амири Қатар ​Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ аз кишварҳои арабии Халиҷ ва Эрон даъват кард, ки баҳсҳои худро бо "муколама" ҳаллу фасл кунанд. Амири Қатар рӯзи 13 сентябр бо раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтугӯи телефонӣ дошт. Бино ба гузориши Qatar News Agency, Танӣ дар рӯзи Иди Қурбон бо Рӯҳонӣ дар тамос шуда, таъкид кардааст, ки равобити Халиҷ ва Эрон бояд бар пояи "ҳамсоягии хуб ва эҳтироми якдигар" бунёд шавад. Эрони шиамазҳаб ва Саудии суннимазҳаб аз тарафҳои муқобил дар ҷанги Сурияву Яман ҷонибдорӣ мекунанд. Даъвати муколама, инчунин, дар пасманзари ҷанги лафзии тафсон дар байни Эрону Саудӣ бар сари ҳаҷ ва зоирон садо медиҳад. Эрониҳо имсол аз зиёрати маконҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ маҳрум шудаанд, ки дар сӣ соли ахир бори аввал иттифоқ меафтад. Дар посух Теҳрон аз ҷаҳони Ислом даъват кард, ки Саудиро барои нокомӣ дар танзими маросими ҳаҷ ва фоҷиаи соли гузашта "муҷозот" кунанд. Ҳафтаи пеш муфтии аршади Саудӣ Азиз аш-Шайх гуфт, ки "эрониҳо мусалмон нестанд."

XS
SM
MD
LG