Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо пахши як изҳорот рӯзи 8-уми сентябр хабар дод, генерали мустаъфӣ Ҷон Абизайд ба вазири дифои Украина Стефан Полторак барои ислоҳот, назорат ба нерӯҳои низомӣ ва решакан кардани фасод, машварат медиҳад. Эълони таъйини генерал Абизайд ба сифати мушовири махсус дар ҳоле пахш шуд, ки Амрико ва Украина гуфтанд, ҳамкориҳои низомиро амиқтар мекунанд. Аммо дар ин изҳорот ба силоҳҳои дифоӣ, ба мисли мушакҳои зидди тонк, ки Украина онҳоро барои таҳкими нерӯ дар муқобили ҷудоихоҳон зарур мешуморад, ишорае нашуд. Вазири дифои Амрико Еш Картер таъкид кард, ки таъйини Абизайд ба симмати мушовири махсус набояд чун аломате талаққӣ шавад, ки Амрико ба Украина дар амалиёти ҳарбӣ кумак мекунад.. Генерал Ҷон Абизайд аз соли 2003 то соли 2007, замоне ки нерӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон вориди ҷанг буданд, фармондеҳии марказии ИМА- ро таҳти назорат дошт.