Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ба нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ омода мешавад


Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Исломӣ Иёз бин Амин Маданӣ имрӯз ба Тошканд сафар мекунад. Вай дар ин сафараш ба омодагиҳо барои баргузории 43-уми ҷаласаи Созмонро, ки қарор аст, моҳи октябр дар Узбакистон доир шавад, шинос хоҳад шуд. Маркази таҳқиқотҳои иқтисодии Узбакистон хабар медиҳад, ки чорабинии мазкур аҳамияти муҳим дорад.

Созмони ҳамкориҳои Исломӣ баъди СММ дувумин созмони бузург ба шумор меравад. Ин созмон 57 кишварро бо 1,5 миллиард аҳолӣ дар бар мегирад. Ҳадафи асосии ин созмон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мусалмонӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG