Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки Толибон то ду километр ба Тарин Кут, маркази маъмурии вилояти Урузгон, наздик шудаанд. Абдулкарим, ҳокими Тарин Кут, рӯзи 7-уми сентябр ҳушдор дод, ки агар ҳукумати Афғонистон аз роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба вилоят кумак накунад, эҳтимол ин шаҳр ба дасти Толибон мегузарад.
Ҳуҷум ба Урузгон дар ҳолест, ки тамаркузи нерӯҳои Афғонистон ва миссияи низомии Амрико ба вилояти Ҳилманд ва шаҳри шимолии Кундуз равона шудааст. Нерӯҳои амниятии Афғонистон, инчунин, бо ҷангиёни гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" дар вилояти шимолии Нангарҳор вориди даргирӣ шудаанд.
Рӯзи 7-уми сентябр Толибон иддао карданд, ки 15 постгоҳи амниятӣ ва як пойгоҳи стратегии низомиро дар Тарин Кут ишғол карданд. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки тамоми минтақаҳо дар муҳосира ва таҳти ҳуҷум қарор дорад. Онҳо мегӯянд, ҳар сарбози давлатӣ ё афроди мулкии давлат, ки ба ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, афв хоҳад шуд.