Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як марди хорвати муттаҳам ба ҷосусӣ дар Сербистон


Хиёбони яке аз шаҳрҳои Сербистон
Хиёбони яке аз шаҳрҳои Сербистон

Додгоҳе дар Сербистон марди хорватиро барои ҷосусӣ ба фоидаи Загреб айбдор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум кард, вале мақомоти Хорватия ин иттиҳомро рад мекунанд. Додгоҳи олӣ дар Белград муомилаи додситон ва марди муттаҳам Чедо Чоловичро дар бораи эътирофи ҷосусии ӯ пазируфт ва ҳукми нисбатан сабук содир кард.

Чоловичи 57-сола, ки шаҳрвандии Сербистону Хорватияро дорад, ҳафтаи гузашта боздошт шуд. Додситонӣ мушаххас нагуфт, ки ҷосусии Чолович аз чӣ иборат будааст. Онҳо танҳо гуфтанд, ки ин мард то соли 1990 дар Хорватия зиндагӣ мекард ва баъдан ба Сербистон кӯчид.

Айни замон матбуоти Сербистон мегӯяд, ки Чолович солҳои 1990, замони ҷанги Хорватия барои истиқлолият, дар ҳайати гурӯҳҳои ҷангии сербӣ ба ҳайси як афсар ҷангида, баъд ба Сербистон фирор кардааст. Гузоришҳо ҳокист, ки Чолович Хорватияро бо маълумоти иктишофӣ таъмин мекард ва баъдан ин иттилоъ бар зидди афсарони серб истифода мешуд. Вале президенти Хорватия Колинда Грабар-Китарович рӯзҳои истироҳати гузашта иттиҳоми ҷосусии Чоловичро ба фоидаи Хорватия шадидан рад кард.

Равобити миёни ду кишваре, ки солҳои 1991 то 1995 ҷанг кардаанд, пуртаниш аст. Хорватия Сербистонро дар пуштибонии ҷангиёни аққалияти серб дар замони ҷанг муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG