Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Гуфтугӯ бо Русия дар бораи Сурия бенатиҷаанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи якшанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва Русия ба иллати "ихтилофи назари ҷиддӣ" наметавонанд дар ҳалли низои Сурия рӯзҳои наздик ба созиш бирасанд. Ба қавли Обама, ду кишвар то ҳол натавонистаанд, дар бораи тадбирҳои мушаххасе, ки барои қатъи даргириҳои Сурия лозиманд, созиш кунанд.

Ихтилофи назар дар бораи он ки кадом гуруҳҳои мусаллаҳ дар Сурия бояд ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гиранд, ҳанӯз ҳам мавҷуд аст. Барак Обама зикр кард, ки гуфтушунид миёни Вашингтону Маскав идома хоҳад ёфт. Сурия аз соли 2011 инҷониб шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ аст ва Иёлоти Муттаҳидаву Русия талош доранд, то барои ҳалли муштараки низоъ ва мубориза бо тундравон дар минтақа созиш кунанд.

Амрико борҳо Русияро дар он айбдор кардааст, ки мухолифони муътадили зери ҳимояти Вашингтонро дар Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG