Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари охирини Обама ба Чин дар симмати раиси ҷумҳури ИМА


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, барои иштирок дар нишасти намояндагони G-20, 20 кишвари саноатии ҷаҳон, вориди Чин шуд. Ин охирин сафари Обама ба Чин ба симмати мақоми аввали Амрико аст. Бо истифода аз ин сафар раиси ҷумҳури Арико мехоҳад, фаъолияташро дар заминаи мушкили тағйири иқлим таъкид кунад. Қарор буд, ки ӯ як рӯз пеш аз мулоқот бо президенти Чин Си Ҷинпин, дар масъалаи тағйири иқлим суханронӣ кунад. Интизор меравад, ки Обама ва президенти Чин иштироки расмии кишварҳояшонро дар созишномаи Париж, оид ба коҳиши партобҳои гази карбон, ки ба гармшавии иқлим саҳм мегузорад, эълон кунанд. Дар долонҳои ин нишаст Обама ҳамчунин бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот мекунад. Ин нухустин мулоқоти ӯ бо раҳбари Туркия баъди табадуллоти ноком дар ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG