Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони чопхонаи Маскав ҷустуҷӯ мешаванд


Русия ду мақоми чопхонаи Маскавро ҷустуҷӯ мекунад, ки дар он рӯзи 27-уми август 17 нафар ҷон бохтанд. Қурбониҳо, ки 14 нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон ва се тани дигар шарҳванди Русия буданд, дар пайи сӯхтори анбори чопхона аз дуди ғализ нафасгир шуданд. Шаҳрвандони Қирғизистон ҳама занону духтарон буданд, ки дар ин анбор кор мекарданд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 2 сентябр гуфт, ки раҳбари чопхона, Сергей Москвин ва муҳандиси бехатарии сӯхтор, Антон Ятсков дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳарду ҳам дар ғиёбашон ба нақзи тартиботи бехатарӣ муттаҳам шуданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки мақомот тафтиши ҷиддии қазияро ба роҳ мондаанд ва шахсони масъулро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

XS
SM
MD
LG