Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон футбол ҷои мушакпарронии идонаро гирифт


Мушакпарронии идона дар Тошканд бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Узбакистон ба рӯзи дигар гузаронида шуд, хабар медиҳанд мақомоти давлатии он кишвар. Якуми сентябри ҳар сол баъди маросими идонаи истиқлолият дар Тошканд мушакпарронӣ мешуд. Тибқи анъана бояд шаби имрӯз низ дар боғи ба номи Алишер Навоии Тошканд мушакпарронӣ сурат мегирифт. Аммо мақомот мегӯянд, ба хотири танба нашудани роҳҳо ва инчунин дархости мардум, ба вижа калонсолон ва оқсақолҳо мушакпарронӣ ба рӯзи дигар гузаронида шуд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки соати 20-00 имшаб мунтахаби футболи Узбакистон бо мунтахаби футлоби Сурия дар яке аз майдонҳои Тошканд бозӣ мекунанд. Интизор меравад, ин бозиро бештар аз 35 ҳазор мухлис тамошо кунанд.

XS
SM
MD
LG