Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Трамп ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва виза ба мусалмонҳо


Дональд Трамп
Дональд Трамп

Доналд Трамп, номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷуҳмури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико баъди ишораи ҳафтаҳои гузашта, ки ӯ эҳтимол мавқеъи зидди муҳоҷирати худро нармтар мекунад, дубора бо лаҳни шадидтар гуфт, ки хориҷиҳоро бояд аз Амрико дур кард. Ӯ рӯзи 31 август гуфт, барои берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Амрико "нерӯи депортация" таъсис медод ва ба шаҳрвандони кишварҳои мисли Сурияву Либия, ки ҳукуматҳои ларзон наметавонанд ҳуввияти табааҳои онҳоро мушаххас кунанд, виза намедод. "Пайғоми мо ба ҷаҳон ин аст: бо вуруди ғайриқонунӣ шумо наметавонед мақоми расмӣ бигиред ва шаҳрванди Амрико шавед. Он рӯзҳо тамом шуданд"- гуфт Трамп. Ӯ ҳамчунин бори дигар қавли пешинаашро такрор кард, ки барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марзи Мексика деворе месозад ва Мексикаро маҷбур мекунад, ки пулашро пардозад. Президенти Мексика Энрике Пена Нието мегӯяд, ки дар ҷараёни сафари кӯтоҳи Трамп ба Мекска ба ӯ гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ингуна тарҳро сармоягузорӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG