Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили ҷашни истиқлолияти Узбакистон бе ҳузури Ислом Каримов


Узбакистон 25-умин солгарди истиқлолият аз Иттиҳоди Шӯравиро, рӯзи 1 сентябр дар пасманзари бехабарӣ аз вазъи раиси ҷумҳур Ислом Каримов ва бо ин суол, ки ҳоло кишварро кӣ идора мекунад, таҷлил кард. Бинобар хомӯшии мақомоти расмӣ, баъди пахши хабари бемории раиси ҷуҳмур дар таърихи 28 август, шоеаҳои дар ҳоли гардишанд, ки амалҳои пасипардагӣ барои иваз кардани президенти Узбакистон ҷараён доранд. Бархе хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ рӯзи 29 август аз фавти Ислом Каримов хабар доданд. Аммо духтари хурдии президенти Узбакистон Лола Каримова рӯзи 31 август дар шабакаҳои иҷттмоӣ навишт, ки падараш зинда аст. Қарор буд, ки президент Каримов рӯзи 1 сентябр дар намоиши консертии бахшида ба ҷашни истиқлолият дар Тошканд иштирок кунад. Аммо ин намоиш ва баъзе ҷамъомадҳои дигари идона лағв шуданд

XS
SM
MD
LG