Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистону Қирғизистон минтақаҳои баҳсиро таҳқиқ карданд


Гуруҳҳои кории ҳукумати Қирғизистону Узбакистон оид ба аломатгузории хатти марз аз 24 то 29-уми августи соли равон дар минтақаҳои алоҳидаи сарҳадии ду кишвар таҳқиқи саҳроии муштаракро баргузор карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи мулоқот ва гуфтушуниди ҳайатҳои ду ҷониб протоколи муштараке имзо шуд.

"Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки дар оянда низ барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли қобили қабули мушкилиҳои мавҷуд дар хатти марз таҳқиқҳои саҳроии сарҳадиро идома диҳанд," - афзудааст ВКХ Узбакистон. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон навиштааст, ки "мулоқот дар руҳияи созандаву фазои дӯстона баргузор шуд".

XS
SM
MD
LG