Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ба пажуҳиши ҷиддии марги рӯзноманигор даъват кард


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо аз мақомоти Украина даъват кард, ки қазияи марги хабарнигор Александр Шетининро бо ҷиддият таҳқиқ кунад. Ҷасади бунёдузори хабаргузории "Новый регион" Александр Шетинин, рӯзи 28 август дар манзили зисташ дар Киев ошкор шуд. "Ин фоҷеа бояд хеле сареъ ва ҷиддӣ пажуҳиш шавад"- гуфт Дуня Миятевич, намояндаи Созмони Амният ва ҳамкории Аврпуо дар умури озодии матбуот. Миятович марги Шетининро хисороти ҷомеъаи хабарнигорӣ унвон кард. Ӯ бори дигар аз мақомот даъват кард, ки вазъи амниятии хабарнигоронро беҳтар ва ба масъали "беҷазо мондан" расидагӣ кунанд. Шетинин асосан аз Русия буд, аммо чанд сол боз ҳамчун журналист дар Украина кор мекард. Пулиси Украина мегӯяд, ки эҳтимолан Шетинин худкушӣ кардааст.

Ба гуфтаи мақомот дӯстони Шетитнин, ки ба табрики зодрузи ӯ ба хонааш омада буданд, ҷасади ӯро дар дар балкон, дар ҳолате пайдо карданд, ки дар курсӣ нишаста буд ва дар ноҳияи сараш захми тир дошт.

XS
SM
MD
LG