Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Арманистон дархости боздошти шаҳванди Русияро рад кард

Бино ба гузориши хабаргузориҳои русӣ додгоҳи Ереван дархости додситонӣ дар заминаи боздошти шаҳрванди Русия бо иттиҳоми пулшӯӣ ва фурӯши ғайриқонунии силоҳро, рад кардааст. Амрико Сергей Мироновро бо ин ду иттиҳом дар ҷустуҷӯ қарор дод. Масъалаи истирдоди Миронов ба Ийолоти Муттаҳида то 40 рӯзи дигар боз хоҳад буд ва ӯ дар ин муддат ҳақ надорад аз қаламрави Арманистон берун равад. Миронов рӯзи 26 август дар заминаи дархости Амрико, ки ӯро ба эҳтимоли пулшӯӣ ва интиқоли текнолоҷии низомӣ ба як кишвари хориҷӣ муттаҳам мекунад, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Ереван боздошт шуд. Сергей Миронов корманди дафтари ширкати "Synesis" дар Маскав буд, ки ба коркарди дастгоҳҳои назорати видеоӣ машғул аст. Амрико ӯро моҳи майи соли равон ба рӯйхати афроди мавриди пайгард шомил кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҷасади овехтаи зани ҷавон ва се кӯдакаш Панҷакентро такон дод

Мавзеи кӯли Кӯлак

Сокинони деҳаи Некнот дар шаҳри Панҷакент рӯзи 10-уми апрел дар мавзеи кӯли Кӯлак чаҳор ҷасадро ёфтаанд, ки "ба дарахтҳо овезон буданд". Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд, аммо раиси деҳа гуфт, "ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд".

Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Некнот, ҷасадҳои ёфтшуда аз Шаҳло Шодиева ва се фарзандаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола Аминаи 8-моҳа – будааст.

Мусоҳибони мо гуфтанд, Шаҳло Шодиева ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини 30-солаи деҳаи Некнот, эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст.

"Имрӯз дар Некноти Боло тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд", -- гуфт яке аз сокинон.

Ҳанӯз хулосаи мақомот дар ин замина эълон нашудааст. Дар сурати ба даст омадани иттилои бештар ва ё тасдиқи расмӣ дар инҷо нашр мекунем.

Дар ҳамин ҳол, Дониёр Ортиқов, раиси деҳаи Некнот, ҳодисаро тасдиқ кард ва шоми 10-уми апрел гуфт: "Воқеа баъд аз соати чаҳори бегоҳ рух додааст. Ба ман чанде аз бачаҳо занг зада, ҳодисаро гуфтанд. Рости гап, бовар накардам. Баъд ҳамроҳи хусурашу ҳамдеҳагони дигар ҷасадҳоро аз дарахт кушода гирифтем."

Ҷое, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Дар онҷо ҳафтаи гузашта Лазиз Ҷӯраев, шавҳари Шаҳло Шодиева, ҳамроҳи писараш 300 бех ниҳол шинондааст.

Мақомот то ба ҳол дар ин бора иттилоъ надоданд, вале ба гуфтаи раиси деҳа, "намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва ташхиси тиббию додгоҳии шаҳри Панҷакент ҷасадҳоро барои таҳқиқ ба марказ бурданд".

Ҷузъиёти бештари ҳодиса ва сабабҳои он маълум нест.

Сокинони Некнот мегӯянд, ин зани ҷавон зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнаҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.

Касби хонаводагии онҳо дар гузашта чӯпонӣ ва ҳоло деҳқонӣ будааст. Падарарӯси Шаҳло Шодиеваро дар деҳа ҳамчун Азизпаҳлавони чӯпон мешинохтаанд. Ба қавли раиси маҳалла боре ҳам сокинон аз нооромӣ ё ҷанҷол дар хонавода хабар надодаанд.

Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Додгоҳи Ҳисор падари хонавода Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт.

Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳузури низомии Русияро дар марзҳои Украина муҳокима карданд

Энтоний Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико

Энтоний Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико ҳузури низомии Русия дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ва наздикии марзҳои Украинаро бо вазирони корҳои хориҷии Фаронса ва Олмон муҳокима карданд.

Энтоний Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА, Жан-Ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса ва Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон рӯзи 9 апрел дар алоҳидагӣ суҳбат карданд ва пешниҳод карданд, ки машваратҳо дар байни муттаҳидони НАТО бояд бештар шаванд, чун эҳтимоли афзоиши низоъ дар шарқи Украина вуҷуд дорад.

Аз моҳи апрели соли 2014 беш аз 13,000 нафар дар ҷанг бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина кушта шудааст ва беш аз як миллион нафар овора шудаанд.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҷудоихоҳони тарафдори Русияро дар авҷ гирифтани низоъ муттаҳам мекунанд.

Нигарониҳо аз вазъ дар шарқи Украина дар ҳолест, ки Русия нерӯҳои низомиашро дар он ҷо бештар кардааст.

Русияро кишваре номиданд, ки эҳтимол назми ҷаҳонро ба ҳам занад

Оҷонсии марказии иктишофӣ

Хадамоти махсуси Амрико ба ин хулоса расидааст, ки Русия дар ду даҳсолаи оянда бо эҳтимоли зиёд ҳамчун кишваре, ки назми ҷаҳонро ба ҳам мезанад, боқӣ мемонад, вале дар пасманзари мушкили иқтисодӣ ва эътирози дохилӣ нуфузи байналмилалиаш поин рафтааст.

Ин нукта дар гузориши Оҷонсии марказии иктишофӣ зикр шудааст, ки дар чор сол як бор нашр мешавад. Дар гузориш, ки 8-уми апрел нашр шудааст, тамоюлҳое, ки дар 20 соли оянда ба ИМА имкони эҷоди хатар доранд, таҳлил шудааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки Русия ҷанги иттилоотиро идома медиҳад ва расонаҳоро барои эҷоди нофаҳмиҳо миёни кишварҳои ғарбӣ истифода мебарад.

Онҳо гуфтаанд, аз эҳтимол дур нест, ки Русия ишғолгариҳои худро дар кишварҳои африқоӣ ва Шарқи дур идома диҳад.

Додситонии Бишкек ҳодисаи қатли духтари ҷавонро оғоз кардааст

Эътирози зидди хушунат дар Қирғизистон

Додситонии шаҳри Бишкек нисбат ба чанд пулиси ин шаҳр барои хунукназарие, ки боиси рабудан ва қатли як духтар шудааст, тафтиш оғоз кардааст.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пайвандони Айзада Канатбекова мегӯянд, кормандони пулис имкон доштанд, ки аз ин ҳодиса пешгирӣ кунанд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозии "Зидди хушунат" баргузор шуд. Садҳо сокини шаҳр пушти дари бинои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷамъ шуда, дар робита ба қатли пурсарусадои Айзада Канатбекова изҳори мавқеъ карда буданд.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Воксинзании муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳанӯз дар нақша нест

Акси зане, ки дар Русия барои гирифтани воксин рафтааст

Дар Русия ҳанӯз воксинзании муҳоҷирони корӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Масъулони Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии КОВИД-19 дар Русия ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки феълан воксинзанӣ барои шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст.

Қаблан мақомоти Маскав эълон доштанд, ки ронандагони таксиҳои пойтахтро, новобаста аз шаҳрвандӣ, ба барномаи эмгузаронӣ шомил кардаанд. Чун онҳо бо мусофирони зиёде хизмат мерасонанд, ки имкони паҳншавии вирус вуҷуд дорад.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Дар авҷи паҳншавии бемории коронавирус дар миёнаҳои соли гузашта хабари фавти муҳоҷирон пас аз сироят ба ин вирус сабт шуда буд, вале шумораи дақиқи фавтидагон маълум нест.

Писари Иззат Амон гуфт, "саломатии падараш хуб нест"

Акси Иззат Амон ва писараш Муҳаммадюсуф Холов

Наздикони Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ҳоло дар боздоштгоҳе дар Душанбе қарор дорад, мегӯянд, вазъи “саломатии ӯ хуб нест”.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш соли гузашта гирифтори бемории коронавирус шуда буд ва то ҳол аз дардҳое, ки зоҳиран аз таъсири сирояти коронавирус пайдо шуда буданд, азият мекашад.

“Худашро хуб ҳис намекунад. Пештар дар озодӣ ҳам аҳволаш чандон хуб набуд. Аз фишорбаландиву дардҳои дигар азият мекашад”,--гуфт ӯ.

Муҳаммадюсуф падарашро охири ҳафтаи гузашта дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дидааст.

Ӯ гуфт, намедонад, ки падарашро табибе муоина кардааст, ё на.

“Ҳоло ду адвокат гирифтем, ки аз ҳуқуқҳои ӯ ҳимоя кунанд. Адвокатҳо масъалаи муоинаи ӯро низ дар миён мегузоранд”,--афзуд ӯ.

Ҷонибдорони Иззат Амон дар хориҷи кишвар мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯ шиканҷа шудааст. Писараш мегӯяд, дар чеҳраи падараш ҳеҷ осори шиканҷа надидааст.

Мақомот то ҳол дар бораи вазъи саломатии Иззат Амон, ки рӯзи 25‑уми март дар Маскав нопадид шуд ва чанд рӯз баъд аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд, маълумоти расмие нашр накардаанд.

Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд.

Ӯ раиси “Маркази тоҷикон” аст ва пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони онҳо ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ ва бар асоси шикояти як шаҳрванди кишвар боздошт шуд. Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин иттиҳомро нодуруст хонда, талаби раҳоии Иззат Амонро доранд.

Бархеи дигар, ки наворҳояшон дар саҳифаҳои наздик ба мақомоти тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ба ҷонибдорони Иззат Амон вокуниш карда, боздошти ӯро кори дуруст медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия бармегардонанд

Занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия. Акс аз соли 2020 аст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, нақшаи бозгардонии 500 шаҳрванди кишвар аз паноҳгоҳҳои Сурияро доранд.

Дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти неруҳои курд асир афтодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки 89 кӯдакро аз Ироқ баргардонидаанд ва талоши баргардонидани занону кӯдакони боқимонда аз Сурияро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9-уми апрел бо сокинони Исфара суҳбат мекард, аз пайвастани ҷавонони ин шарҳр ба гуруҳҳои ифрофтӣ нигаронӣ кард.

Исфара, ноҳияе бо аҳолии беш аз 200 ҳазор дар шимоли Тоҷикистон, дар марзи Қирғизистону Узбекистон ҷойгир аст ва мақомот онро яке аз минтақаҳои аз лиҳози мазҳабӣ осебпазири кишвар унвон мекунанд. Дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ, ки онро Бонки миллӣ нашр кардааст, беш аз 100 сокини Исфара бо гумони ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҷустуҷӯ мешаванд.

Қаблан аз рафтани ҳудуди 20 сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ин ноҳия барои “ҷиҳод” дар ҷангҳои Сурия гузориш шуда буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард. Дар он сол ва чанд соли баъд бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву терористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастанд. Ҷангҷӯёни зиёди тоҷик кушта шуданд ва занону кӯдаконашон онҷо бева ва ятим монданд.

Словакия барои санҷиши дурустии сифати Sputnik V Венгрияро ба ҳамкорӣ даъват кард

Sputnik V - корманди Бемористони донишгоҳи техникии шаҳри Мишколтс дозаи дуюми воксинаи русиро намоиш медиҳад

Тибқи гузоришҳо, Словакия аз кишвари дигари аврупоӣ Венгрия кӯмак хоста гуфтааст, ки бастаҳои воксинаҳои русии навъи Sputnik V, ки дар ҳаҷми 200 ҳазор воя ё доза ба Словакия ворид шудааст, аз назари дурустии сифаташон санҷида шавад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди моҳи март ба Братислава ворид шудани бастаҳои Sputnik V, як пажӯҳишгоҳи тиббии маводи дорувор дар дурустии сифати онҳо шубҳа кардааст. Игор Матович, вазири молияи Словакия рӯзи 9 апрел баъди мулоқот бо вазири хориҷаи Венгрия дар Будапешт дар бораи нақши идораи санҷиши доруҳои Венгрия хабар дод. Венгрия дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо то ҳол ягона давлат аст, ки эмкунии ҳамагонии мардумаш бар зидди COVID-19 бо воксинаи русии Sputnik V ба роҳ мондааст. Ин қарор дар ҳоле иҷро мешавад, ки муфаттишон ё коршиносони идораи санҷиши доруҳои Аврупо ҳанӯз санҷиши амният ва фоиданокии Sputnik V-ро ба анҷом нарасонидаанд. Масъалаи дигар ин нигарониҳои ахлоқӣ аз санҷишҳои клиникии Sputnik V дар Русия мебошад.

Рӯзи 8-уми апрел Русия талаб кард, ки Братислава тамоми бастаҳои воксинаи Sputnik V-ро баргардонад. Ин талаб баъди он садо дод, ки идораи санҷиши дорувори Словакия гуфт, вояҳои ба ин кишвар овардашудаи воксинаи Sputnik V аз онҳое, ки мавриди санҷиши Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд, фарқ мекунанд. Словакия ҷониби Русияро дар вайрон кардани шароити созишнома айбдор кард. Бархе кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, барои қабул ва эмкунии аҳолиашон бо Sputnik V омода ҳастанд, вале то он замон ризоияти Оҷонсии дорувори Аврупоро интизор мешаванд. Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия, ки як мунаққиди сиёсати пандемияи Аврупо мебошад, садҳо ҳазор вояи Sputnik V-ро аз Русия ворид кардааст.

Ҳамсари Малика Елизавета дар 99-солагӣ даргузашт

Малика Елизавета ва ҳамсараш Шоҳзода Филип. Акс аз бойгонӣ

Шоҳзодаи Бритониё Филип, ҳамсари Малика Елизавета дар синни 99-солагӣ даргузашт. Дар изҳороте қасри Букингем рӯзи 9 апрел гуфта шуд, ки ҳамсари Малика Елизавета субҳи имрӯз дар қасри Виндзор даргузашт. Дар изҳороти қаср гуфта шудааст, ки “Малика бо андӯҳи амиқ марги ҳамсари дӯстдоштааш, аълоҳазрат, герсоги Эдинбург Шоҳзода Филипро хабар дод”. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар бораи маросимҳои вобаста ба дафни ҳамсари Малика баъдан хабар хоҳанд дод. Дар бораи сабабҳои марги шоҳзода иттило дода нашудааст, вале ахиран ӯ як моҳ дар беморхонае аз як сироят табобат гирифт ва ҳам дилашро муолиҷа кард. Ӯ 16-уми март аз беморхона ҷавоб шуда, ба қасри Виндзор баргашт.

Шоҳзода Филип соли 1921 дар хонаи салтанатии юнонӣ таваллуд шуда, баъдан бо хонаводааш ба Фаронса кӯчид. Ӯ 18 моҳ дошт, ки падараш, як фармондеҳи низомӣ, барои шикасти шадиде дар ҷанг бо туркҳо муҳокима шуд.

Модари ӯ шоҳдухтар Элис аз Баттенберг, ки аз авлоди салтанатии олмонӣ мебошад, мисли худи Малика Елизавета аз абераҳои Малика Виктория ба шумор мераванд. Филип дар мактаби Бритониё таҳсил карда, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар сафи нирӯҳои бритониёӣ ҷангидааст. Баъди бозгашт аз ҷанг дар соли 1947 бо Елизавета издивоҷ кард.

Панҷ сол баъди арӯсии онҳо падари Елизавета шоҳ Георги Шашум бар асари саратон ҷон дод ва қудрат ба Елизавета гузашт. Филип аз унвони шоҳзодаи Юнон ва Дания даст кашида, шаҳрвандии Бритониёро гирифт.

Малика Елизавета ва Шоҳзода Филип чор фарзанд доранд: шоҳзода Чарлз, шоҳдухтар Анна, шоҳзодаҳо Эндрю ва Эдвард. Инчунин онҳо 8 набераву 9 абера доранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "бисёриҳо як Манижаро дида натавонистанд"

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия ин кишварро дар "Евровидение” муаррифӣ мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, ки қарор аст, дар озмуни "Евровидение” ширкат кунад, тавсиф кард.

Ӯ рӯзи 9-уми апрел зимни мулоқот бо сокинони Ворух гуфт, "Манижа ҳамаро саргардон кардааст ва бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд."

Зоҳиран, манзури Эмомалӣ Раҳмон бархӯрди бархе аз чеҳраҳои шинохтаи Русия аст, ки иштироки Манижа аз номи кишвар дар озмуни "Евровидение”-ро қабул надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеи ин овозхон истиқбол кард ва гуфт, “аҳсан, ки аз тоҷик буданаш даст намекашад ва мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам.”

Манижа Сангини 29-сола, овозхони тоҷики муқими шаҳри Маскав, рӯзи 8-уми март дар натиҷаи овоздиҳии тамошобинони шабакаи аввали Русия ғолиб шинохта шуд ва ҳамакнун дар сабқати таронаҳо дар "Евровидение" аз Русия намояндагӣ хоҳад кард.

Пирӯзии духтари тоҷики шаҳрванди Русия дар бахши миллии озмуни бонуфуз баҳси зиёде эҷод кард. Дар ҳоле ки бисёре аз ширкати ин овозхони боҳунару ғайримаъмулӣ ҷонибдорӣ кардаанд, иддае дигар бо ишора ба тоҷик будани Манижа бо натиҷаҳои озмун мухолифат доранд.

Чеҳраҳои сиёсие, мисли Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз матни таронаи “Зани рус”, ки Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон ба озмуни "Евровидение" интихоб кардааст, интиқод карданд.

Аз ҷумла, Матвиенко гуфт, ки бояд шаффофияти озмуне, ки дар он Манижа барранда шудааст, тафтиш шавад. Ӯ гуфт, матни суруд таҳқиромез аст.

Владимир Жириновский, дар суҳбат бо расонаҳои Русия рӯзи 9-уми март гуфта буд, ки "чунин таронае даркор нест". Эътирози Жириновский нисбат ба мисраест, ки дар он таъкид мешавад, “писар бе падар ва духтар бе падар аст”.

Зоҳиран овозхон бо ин мисраъҳо ба мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Русия ишора мекунад, ки аксар фарзандон дар тарбияи модар ба воя мерасанд ва ҳама вазнинии рӯзгор ба дӯши занон меафтад.

"Евровидение" имсол моҳи май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир мешавад. Соли гузашта ин озмун бинобар пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

Дар Словакия сифати Sputnik V саволи зиёд эҷод кард

Бастаҳои воксинаи Sputnik V ба фурудгоҳи Кошитсеи Словакия интиқол дода шуд

Баъди он ки ниҳоди танзимкунандаи дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, воксинаи навъи Sputnik V, ки онро дар Словакия қабул кардаанд, аз оне, ки қаблан санҷида шуд, фарқ мекунад, пуштибонҳои воксинаи русӣ аз ин кишвар талаб карданд, ки ҳазорҳо воя воксинаро баргардонад. Баҳси атрофи сифати воксинаи Sputnik V миёни Братислава ва Маскав рӯзи 8-уми апрел доғтар шуд.

Словакияву Венгрия – ду давлати аврупоӣ қабл аз иҷозати Оҷонсии дорувори Аврупо (ЕМА) тасмим гирифтанд, ки воксинаи русии Sputnik V-ро харидорӣ кунанд. Чанд кишвари дигари аврупоӣ гуфтанд, ки мавзӯи харидории ин воксина дар баррасии ҷиддии онҳо қарор дорад. Словакия, ки 368 ҳазор олудашуда ва беш аз 10 ҳазор фавтида аз COVID-19 дорад, 200 ҳазор бастаи Sputnik V-ро харидорӣ кард. Пажӯҳишгоҳи давлатии назорат аз дорувори Словакия рӯзи 7-уми апрел гуфт, дар заминаи фоидаву хатарҳои воксинаи русӣ, асосан атрофи маълумоти носаҳҳеҳ аз ҷониби истеҳсолкунанда саволҳои зиёде эҷод шудааст ва феълан тасмимашон ин мешавад, ки аз тақсими воксина дар кишвар худдорӣ кунанд.

Ин сохтор инчунин рӯзи 8-уми апрел гуфт, ки вояҳои Sputnik V, ки онҳо аз назар гузарониданд, айни он воксинаҳое, ки аз ҷониби ЕМА ваё маҷаллаи тиббии бритониёии Lancet дида шуданд, нестанд. Рӯзи 8-уми апрел Бунёди сармояҳои мустақими Русия, ки як ташвиқгари истифодаи Sputnik V дар хориҷ аз Русия мебошад, аз Словакия хост, ки ин вояҳоро баргардонад. Ин ниҳод инчунин тақозо кард, ки як бахше аз воксинаҳои русӣ ба санҷиши дубора фиристода шаванд ва пажӯҳишгоҳи Словакияро дар “харобкорӣ” ва паҳн кардани “иттилои дурӯғин” айбдор кард.

Дар Гурҷистон мурофиаи раҳбари ҳизби оппозитсионӣ шурӯъ шуд

8-уми апрел, Тифлис. Тарафдорони Ника Мелиа дар пушти дари додгоҳ таҷаммӯъ кардаанд

Раҳбари зиндонии як гурӯҳи аслии мухолифони Гурҷистон бар асоси иттиҳоме, ки бӯҳрони сиёсии баъдиинтихоботии ин кишварро амиқтар кардааст, дар додгоҳ ҳозир шуд. Мурофиаи додгоҳии Ника Мелиа, раҳбари Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ рӯзи 8-уми апрел дар Тифлис бо сабабҳои пандемияи коронавирус дар пушти дарҳои баста шурӯъ шуд. Мелиа дар ташкили “хушунатҳои оммавӣ” дар ҷараёни намоиши эътирозии зиддидавлатӣ соли 2019 гунаҳгор мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш ба ӯ то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Мелиаи 41-сола ин иттиҳомотро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ рад кардааст. Ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” инро рад мекунад. Гурҷистон баъди интихоботи моҳи октябри порсол дар як бӯҳрон қарор дорад, чун мухолифон натиҷаҳоро тақаллубшуда номида гуфтанд, ки аз ворид шудан ба парлумони нав даст мекашанд. Моҳи феврал, вақте додгоҳ қарор кард, ки Мелиаро барои рад кардани пардохти ҷаримаи ҳангуфт ба боздоштгоҳ мефиристад, бӯҳрон амиқтар шуд. Ҳабси Мелиа ва чанд фаъоли мухолифон боиси эътирозҳои зиддҳукуматӣ дар Тифлис ва даъват ба интихоботи нави парлумонӣ шуд.

Байден чораҳои назорат аз силоҳро шадидтар мекунад

Як фурӯшгоҳи силоҳ дар ИМА

Президент Ҷо Байден гуфт, ба хотири пешгирӣ аз хушунат бо истифода аз силоҳ дар ИМА тадбирҳои нав ҷорӣ мешаванд. Байдени демократ, ки аз солҳо пеш ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба силоҳ даъват кардааст, рӯзи 8-уми апрел дар канори муовини президент Камола Ҳаррис ва додситони кулл Мерик Гарланд гуфт, “мо имрӯз на танҳо барои чораҷӯӣ алайҳи бӯҳрони силоҳ, балки дар асл бӯҳрони сиҳҳатии ҷамъиятӣ ҷамъ шудаем”. Ҳангоме, ки ӯ дар як боғи Кохи Сафед сӯҳбат мекард, дар миёни ширкатдорони ин ҷамъомад наздикони қурбониёни хушунатҳое, ки бо истифода аз силоҳ рух додаанд, қарор доштанд.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳамлаи ахири мусаллаҳона дар Каролинаи Ҷанубӣ, панҷ нафар, аз ҷумла, як табиб, ҳамсар ва ду набераи хурдсолашон кушта шуданд. Моҳи март дар Колорадо ва Ҷорҷиа кушторҳо бо истифода аз силоҳ ҷони 18 нафарро гирифт. Мақомот гуфтанд, ки шахси гумонбар дар ташкили куштори Каролинаи Ҷанубӣ як бозигари футболи лигаи миллӣ Филлип Адамс буд, ки баъдан ҷасадаш дар хонаи волидон бо тир дар сар ошкор шуд. Мақомот гуфтанд, ки сабаби ин ҳодиса маълум нест.

Назорат аз силоҳ дар ИМА масъалаест, ки ҷомеаро ду тақсим кардааст. Дар ҳоле, ки солҳои зиёд кушторҳои гурӯҳӣ дар мактаб ва дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ бисёриҳоро нигарон кардааст, ҳуқуқи доштани силоҳро моддаи дуюми конститутсияи ИМА иҷоза медиҳад ва тарафдорони доштани силоҳ инро ҳақи конститутсионии худ медонанд.

Туркия шарҳҳои нахуствазири Итолиё дар бораи Эрдуғонро маҳкум кард

6 апрел, қасри президенти Туркия дар Анкара. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамроҳ бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар курсӣ нишаста,  президенти Комиссиюни Аврупо Урсула Вон дер Лейен дар дивани дуртар аз ин ду курсӣ ҷой дода шуд

Туркия шарҳҳои нахуствазири Итолиёро “нафратовар” хонд, ки дар як суханрониаш рӯзи 8-уми апрел президент Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо диктатор муқоиса карда шеваи истиқболи як раҳбари калони Иттиҳоди Аврупо дар Анкараро “нодуруст” хондааст. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула Вон дер Лейен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел рӯзи 6-уми апрел барои ширкат дар музокироти Туркияву Иттиҳоди Аврупо дар Анкара буданд. Меҳмонҳоро ба як утоқи калоне даъват карданд, ки дар он бояд музокирот бо Эрдуғон ҷараён мегирифт, вале дар назди парчамҳои Иттиҳоди Аврупо ва Туркия барои се раҳбар танҳо ду курсӣ гузошта шуда буд. Вақте Вон дер Лейен ба саҳнаи ба ин ду курсӣ нишастани ду мард нигоҳ мекард, ошкоро нидои ноқаноатмандиаш аз ин ҳолат садо дод. Чанде баъд ӯро дар ҳолате намоиш доданд, ки рӯи як дивани калоне дуртар аз ду ҳамкораш нишаста буд. Анкара баъдан ин иттиҳоморо рад кард, ки тасмими танҳо ду курсӣ гузоштани мақомот ба ҷинсияти Вонд дер Лейен рабт дорад. Дар як нишасти хабарии рӯзи 8-уми апрел дар Рум нахуствазири Итолиё Марио Драги гуфт, ки “аз паст задани президент Вон дер Лейен бисёр нороҳат шудааст”. Драги инчунин гуфт, ки доштани муносибати дӯстона “бо диктатор” муҳим буд. Дар посух вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки Туркия “шарҳҳои фавқулодда популистӣ ва назарҳои нафратовар ва бесабабро ба шиддат маҳкум мекунад”. Оҷонсии Анадолу гуфт, ки вазорати хориҷаи Туркия сафири Итолиёро даъват кардааст.

Мақоми аршади амрикоӣ аз Украина хост, ки масъалаи олигарҳо, аз ҷумла Дмитрий Фирташро ҳал кунад

Ҷорҷ Кент, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА

Як мақоми баландпояи Департаменти давлатии ИМА гуфт, вақти он расидааст, ки Украина ба хотири мубориза бо фасод ва ҳалли мушкили сохторҳои заъифшуда даст ба иқдом занад, ва, аз ҷумла, нисбати олигархи бонуфуз Дмитрий Фирташ, ки ба хотири моликияташ дар соҳаи газ ба як олигархи бонуфуз табдил шудааст, чора андешад. Изҳориназарҳои Ҷорҷ Кент, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти ИМА Ҷо Байден пешрафт дар ислоҳоти Украинаро масъалаи бартариятнок дар равобити дуҷониба номидааст. Кент, ки дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Украина сӯҳбат мекард, гуфт, низоми додгустарии заъиф дар баробари “таҳдиди дохилии” Украина беасар мешавад ва ин ҳолатро бо таҳдидҳои берунаи Русия монанд кард.

Русия нирӯҳои азими худро дар сарҳад бо Украина ҷой додааст ва қисми дигари нирӯҳоро ба нимҷазираи Қрим сафарбар намуд. Ин таҳаввулот дар миёни таҳлилгарони ғарбӣ нигаронӣ аз эҳтимоли тавсеаёбии низои ҳафтсола дар шарқи Украинаро ба вуҷуд овардааст. Кент гуфт, ҳафт сол баъди аз қудрат барканор шудани маъмурияти фасодзадаи президент Виктор Янукович ҳам низоми додгустарӣ “нокомил” боқӣ мемонад ва нақши олигархҳо заъиф нашудааст. Кент гуфт, фурсати он расид, ки “қарорҳои сахт гирифта шаванд ва ба хотири аз байн бурдани коррупсияи доимӣ нуфузи олигархҳо кам карда шавад”.

Раиси амалкунандаи САҲА ба Узбекистон сафар мекунад

Анн Кристин Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси САҲА.

Анн Кристин Линде, вазири корҳои хориҷии Шветсия ва раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) рӯзҳои 14-15 апрел ба Узбекистон меояд.

Дар ин бора Шерзод Асадов, сухангӯи президенти Узбекистон рӯзи 9 апрел хабар дод.

"Ин ки САҲА 25 сол аст, дар Узбекистон намояндагӣ дорад, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари мо бо ин созмон ҳамкории рушдкунанда дорад. Мо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда содиқ мемонем", - гуфт Шерзод Асадов.

Асадов ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки сафари Анн Кристин Линде ба Узбекистон ҳамкориҳои ин кишварро бо Шветсия ба сатҳи нав намерасонад.

Эрон киштии се моҳ ҳабсшудаи Кореяи Ҷанубиро раҳо кард

9 апрел, бандари Раҷай. Киштии Hankuk Chemi-и Кореяи Ҷанубӣ барои тарк кардани соҳилҳои Эрон омода мешавад

Эрон як киштии нафткаши Кореяи Ҷанубиро, ки давоми се моҳ бо далели масдуд шудани миллиардҳо доллар маблағҳояш дар паи таҳримҳои ИМА ҳабс шуда буд, озод намуд. Дар як изҳороташ рӯзи 9-уми апрел вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки киштии “Ҳанкук Чеми” ва фармондеҳаш озод шуда, тими киштиронҳо соҳилҳои Бандар Аббосро тарк карданд. Эрон ин киштиро рӯзи 4-уми январ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳабс карда буд. Замоне, ки он ҳабс шуд, эрониҳо гуфтанд, киштӣ қонунҳои муҳитзистиро вайрон карда нафт ба обҳо роҳ додааст. Вале ин иқдоми Эрон бештар сиёсӣ арзёбӣ шуд, чун дар Кореяи Ҷанубӣ ҳисобҳои як бонки эронӣ дар ҳаҷми 7 миллиард доллар ях зада шуд, вале Теҳрон гуфтааст, ки ин қарораш ба масдуд шудани пулҳо ҳеҷ рабте надорад. Соли 2018, замоне, ки президенти собиқи ИМА аз созиши ҳастаии соли 2015-и қудратҳо бо Эрон хориҷ шуд, таҳримҳо болои Ҷумҳурии Исломӣ барқарор гардид. Кореяи Ҷанубӣ то соли 2019 азимтарин харидори нафти Эрон буд ва Вашингтон ду сол пеш қарор кард, ки таҳримҳо барои содироти нафти эронӣ болои ин кишвари осиёиро бекор кунад. Вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ аслан нагуфт, ки оё дар заминаи пулҳо кадом созише ҳосил шудааст ё на. Таҳаввулот дар ҳолест, ки музокиракунандагон аз Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ барои бекор кардани таҳримҳои ИМА болои Эрон барои нақзи созиши ҳастаӣ аз ҷониби Теҳрон вориди музокирот шудаанд.

Аврупо: лахташавии хун баъди AstraZeneca аз миёни 100 ҳазор дар 1 нафар мушоҳида мешавад

Табибон дар Косово як муштариро бо воксинаи AstraZeneca эм мекунанд. Ин навъи воксина дар Тоҷикистон ҳам вуҷуд дорад

Дар шабонарӯзи гузашта дар бархе кишварҳои сайёра шумори рекордии марг бар асари СOVID-19 ва олудашавиҳо ба шаклҳои нави ин вирус ба қайд гирифта шуд. Нигарониҳои бархе кишварҳо аз он ки шояд баъди гирифтани воксинаи AstraZeneca дар ҷисми инсон лахташавии хун мушоҳида мешавад, ҷараёни тақсими воксинаҳоро берабт кардааст. Як рӯз баъди он ки ниҳоди масъули дорувор дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, мушкили "лахташавии хун дар ҳолатҳои хеле кам метавонад як оқибати воксинаи AstraZeneca шавад”, дар 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо кишварҳо дастурҳои худро дар заминаи эмкунӣ нашр карданд ва ин чиз ҳам метавонад маъракаи воксинзаниро бо таъхир рӯбарӯ кунад.

Мақомот дар Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки фоидаи гирифтани AstraZeneca назар ба тарс аз он ки оқибатҳои баде хоҳад дошт, бештар аст ва аз 100 ҳазор ҳолат танҳо як ҳолаташ метавонад паёмадҳое дошта бошад. Аз ин хотир, ниҳоди назорат бар дорувори Аврупо машварат додааст, ки ҳама калонсолон метавонанд бидуни тарс воксинаи AstraZeneca-ро қабул кунанд. Айни замон, дар баъзе кишварҳо мақомот қарор карданд, ки додани ин воксина барои афроди 55 то 60-соларо маҳдуд мекунанд, ҳарчанд далели ба ин гурӯҳ таъсири хосса расонидани ин воксина вуҷуд надорад.

Мексика ва Бразилия гуфтанд, ки ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ намекунанд. Эрон, Ҳинд ва Туркия ҳамоно бо афзоиши рекордии олудашавиҳо ба шаклҳои нави COVID-19 рӯбарӯ ҳастанд. Дар Бразилия вазъият бадтар мешавад, чун дар як шабонарӯз дар ин кишвар шумори рекордии 4249 ҳолати марг аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. ИМА дар барномаи воксинзании сокинонаш пешқадам боқӣ мемонад ва дар ин кишвар 20 дарсади аҳолии калонсоли кишвар эм карда шудаанд.

Гузориши истихборотии ИМА: Русия ду даҳсолаи дигар  ҳамоно як “нирӯи харобкор” мемонад

Владимир Путин, президенти Русия

Як гузориши истихборотии ИМА, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб дар давоми ду даҳсолаи баъдӣ Русия “як нирӯи харобкор” мемонад, вале дар пешорӯи чандин набосомониҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нуфузаш коҳиш хоҳад ёфт. Гузориши Шӯрои истихбороти миллии ИМА, ки дар чор сол як бор таҳияву нашр мешавад, таҳаввулоту тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва инчунин, сенарияи эҳтимолии фазои амниятии атрофи ИМА барои 20 соли ояндаро пешбинӣ мекунад. Таҳлилгарони калони амрикоӣ дар тасвири Русия гуфтаанд, ки ин кишвар дар паҳлӯи Чин ба ҳайси қудрати "дар ҳоли зуҳур ва таҳрирталаб” мемонад, ки барои ба ҳам задани низоми байналмилалии кунунӣ ва боло бурдани нуфузи Маскав дар фазое, ки ғарб пештоз аст, талош хоҳад кард. Гузориш мегӯяд, “Дар давоми ду даҳсолаи баъдӣ Русия ба эҳтимоли зиёд як нирӯи харобкор мемонад, ҳарчанд тавонмандиҳои моддии он дар қиёс бо бозигарони калони дигар кам мешавад”. Дар гузориш инчунин омадааст: “Бартариҳои Русия, аз ҷумла нирӯҳои мусаллаҳ, силоҳи қатли ом, энерживу захираҳои минералӣ, ҳудудҳои азим, хусусиятҳои демографӣ ва омодагиаш барои истифодаи нирӯ дар хориҷа ба он имкон хоҳад дод, ки дар оянда ҳам нақши харобкоронаашро идома бидиҳад ва дар ҳудудҳои собиқ Шӯравӣ ва гоҳо фаротар аз он нақши миёнҷии бонуфузро иҷро кунад”.

Айни замон, ба қавли таҳлилгарони амрикоӣ, бо вуҷуди бартариҳои сиёсиву низомии Русия, ин кишвар бо сабабҳои фазои бади сармоягузорӣ, камии нирӯи корӣ, нархҳои баланду иқтисоди хурд барои татбиқи нақшаҳои дурпарвозаш дар заминаи паҳн карани нуфузи байналмилалӣ “бо мушкил рӯбарӯ мешавад”.

Президенти RFERL талошҳои Русия барои бастани "Радио Свобода"-ро маҳкум кард

Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод (RFERL), талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва канали телевизионии "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард.

Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани иттилоъ ба мардум аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии худ барои фаъолият дар Русия аз тариқи ҳама роҳҳои мумкин идома хоҳем дод. Мо ба ин бовар ҳастем, ки мардуми Русия интихоб ё гузинаҳои бештаре мехоҳанд".

Ин изҳороти оқои Флай дар ҳоле садо медиҳад, ки Радиои Озодӣ огоҳӣ пайдо кардааст, ки "Роскомнадзор" -- ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои Русия, дар даври тозае Радиои Озодиро боз барои 130 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи қонун, муттаҳам мекунад. "Роскомнадзор" то ба ҳол Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи "қонуншиканиҳо"-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион бинанда сар задааст. Наворҳои видеоии "Current Time" -- як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Бино ба талаби "Роскомнадзор", тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Рӯзи 6-уми апрел Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Амрико дар умури расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократӣ баррасӣ шуд.

Моҳи гузашта гуруҳи сенаторҳои ИМА аз ҳизби демокративу ҷумҳурихоҳ Кремлро барои "ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо" маҳкум карданд. Сенаторҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, қонуни мазкур ба хотири он истифода мешавад, ки Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои РАО/РО-ро маҷбур ба хомӯш нишастан кунанд.

CIT: низомиёни Русия дар 250-километрии марзи Украина хайма задаанд

Акс аз бойгонӣ.

Гуруҳи Conflict Intelligence Team (TIM) бо таҳлили аксу наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба хулоса расидааст, ки низомиёни Русия дар вилояти Воронежи он кишвар, дар 250-километрии марз бо Украина урдугоҳ задаанд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки Русия дар марз бо Украина неру интиқол додааст.

"Дар солҳои 2014-2015 урдугоҳҳои низомиёни рус дар наздиктари марзи Украина буданд",-навиштааст гуруҳи CIT.

CIT мегӯяд, урдугоҳе, ки низомиёни рус ахиран задаанд, маълум нест, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Украина аст ё чизи дигар. Мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи Донбассу Луганск пештар гуфтанд, ки Украина ба ҳамла ба ин ҷумҳуриҳо омодагӣ мебинад.

Рубли русӣ беқурбтар шуд

Рубли

Дар пасманзари шиддатёбии вазъи сиёсиву дипломатӣ қурби рубли русӣ пойин омад.

Рӯзи 7-уми апрел рубли русӣ дар нисбати доллари ИМА ба сатҳи поёнии панҷ моҳи охир расид.

Қурби асъори миллии ҳамсояҳои Русия - Қазоқистону Белорус ҳам коҳиш ёфт, ки ин кишварҳо аз иқтисоди Русия вобастагӣ доранд.

Қурби тангаи қазоқӣ рӯзи 8-уми апрел ба 433 танга расид. Дар ҳоле, ки ибтидои моҳи ҷорӣ 426,94 танга барои ҳар доллари ИМА хариду фурӯш мешуд.

Дар Бонки миллии Қазоқистон гуфтанд, пойинравии қурби рубли русӣ боиси коҳиши арзиши танга шудааст.

Иқтисоди Русияву Белорус аз таҳримҳои ғарбӣ зиён мебинанд. Кишварҳои ғарбӣ ба далели сиёсатҳои худкомаи роҳбарони ду кишвар нисбати онҳо таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Дар Узбекистон ҷасади зани ҳомилаеро овехта дарёфтанд

Мухлиса Адамбоева.

Мухлиса Адамбоеваи 19-сола, ки ним соли пеш дар ноҳияи Шавати вилояти Хоразми Узбекистон ба шавҳар баромада буд, рӯзи 1 апрел дар дор овехта пайдо шуд.

Ҳамсояҳо ва пайвандони Мухлиса мегӯянд, пеш аз ин ҳодиса дар хонаи шавҳар латту кӯб кардаанд. Сарфи назар аз баргузории ташхиси судиву тиббӣ, хулосаи ташхис то кунун ба пайвандони Мухлиса дода нашудааст.

Хонаводаи шавҳари Мухлиса дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, ки вай худкушӣ кардааст.

Мухлиса дар номае қабл аз худкушиаш навиштааст, ки: "Падару модари ман маро бибахшанд, ман онҳоро бахшидам".

Ҳомии ҳуқуқи маҳаллӣ Маримбой Раҷабов гуфт, эҳтимол дорад, Мухлисаро ба худкушӣ расонида бошанд. "Дар хонаи шавҳар ӯро пайваста латту кӯб ва таҳқир мекарданд. Мумкин аст, дар натиҷаи ин муносибат Мухлиса Адамбоева худкушӣ карда бошад", - гуфт Раҷабов.

Дар Миср аз зери регзор як шаҳри қадимии сеҳазорсола пайдо шуд

Акс аз Мисри қадим. Акс аз бойгонӣ.

Бостоншиносон дар Миср шаҳри нопадидшудаи машҳур ба тиллоиро пайдо карданд, ки се ҳазор сел пеш зери рег рафта буд. Дар ин бора роҳбари гуруҳи бостоншиносон Захӣ Ҳавасс хабар дод.

Ба гуфтаи олимон, шаҳри пайдошуда - яке аз бузургтарин шаҳрҳоест, ки то кунун дар Миср пайдо шудааст. Ин шаҳр аз сӯи фиръавн Оминҳотепи III асос гузошта шудааст, ки вай дар солҳои 1391 то 1353 пеш аз милод ҳукумат мекард.

Дар кӯчаҳои шаҳр хонаҳое маҳфуз мондаанд, ки баландии деворҳояшон то се метр мерасад. Бостоншиносон бо пайдо кардани деворнигораҳо ва муҳри Оменҳотепи III таърихи шаҳрро муайян карданд. Миёни бозёфтҳо зарфҳо ва дигар василаи ғизохӯрӣ мавҷуд аст. Дар қисмати шимолии шаҳр қабристон пайдо шудааст.

Ҳафриёт моҳи сентябри соли 2020 шуруъ шуда буд. Баъди чанд ҳафтаи шуруи ҳафриёт бостоншиносон бинои хиштине пайдо карданд. Баъдтар деворҳои дигар ва ҳамин шаҳр пайдо шуд.

Баъд аз марги духтари рабудашуда сокинони шаҳри Бишкек ба эътироз баромаданд

Тазоҳурот ба зидди хушунати занон дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозии "Зидди хушунат" баргузор шуд. Садҳо сокини шаҳр пушти дари бинои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷамъ шуда, дар робита ба қатли пурсарусадои Айзада Канатбекова изҳори мавқеъ карданд.

Ҷамъшудаҳо аз ҷумла истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбековро талаб карданд. Динора Аляева, як фаъоли ҷамъиятӣ, гуфт, "Айзада ба хотири он кушта шуд, ки пулис масъулиятҳои худро иҷро накард". "Инро бояд эътироф кард! Ва имрӯз пулис ба ҳеч суоле посухи рушан надод. Касе натавонист посух диҳад, чаро давоми се рӯз мошине, ки бо он Айзадаро рабуда буданд, пайдо нашуд", - гуфт Аляева.

Гуля Алмамбетова, мушовири пешини шаҳрдори Бишкек суол гузошт, ки: "Чаро блогнависонро давоми як соат пайдо мекунанд, чаро духтари рабудашударо касе пайдо накард?"

Рӯзноманигор Алӣ Токтакунов таваҷҷуҳи ҷамъшудаҳоро ба таъмири бинои ВКД ҷалб кард. "Бо кадом маблағ бино таъмир мешавад? Аз ҳисоби андозҳои мо! Вале куҷост иҷрои масъулиятҳо? Куҷост таъмини тартиботи ҷамъиятӣ? Мо хомӯшона ҷарима пардохт мекунем, аммо куҷост таъмини бехатарӣ аз сӯи давлат?", - гуфт рӯзноманигор.

Баъд аз эътироз пушти дари ВКД, ҷамъшудаҳо сӯи бинои ҳукумати Қирғизистон рафтанд. Эътирозгарон аз ҳукумат пайдо ва муҷозоти омилони рабудани Айзада ва истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар ва сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкекро талаб карданд.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

Ба иттилои пешакӣ, мард занро дар рафти ҷанҷол бӯғӣ карда, баъдан худро куштааст.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG