Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли мулоқоти Обама бо Путин дар ҳошияи нишасти G-20


Кохи сафед рӯзи 29 август гуфт, ки эҳтимолан Президенти Ийолоти Муттаҳида Барак Обама дар ҳошияи нишасти G-20 бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқоти ғайрирасмӣ хоҳад дошт. Ин нишаст ҳафтаи оянда дар Чин баргузор мешавад. Бен Родс, ноиби Мушовири Амнияти Миллӣ ба хабарнигорон гуфт, ӯ мутмаин нест, ки Обама бо Путин дар ҷараёни нишаст мулоқоти расмӣ анҷом диҳад, аммо афзӯд, ки маъмулан ду раҳбар дар долонҳои чунин ҷамъомадҳо мулоқотҳои ғайрирасмӣ анҷом медиҳанд. "Мо талош мекунам, фурсатеро пайдо кунем, ки ду раҳбар бо ҳам сӯҳбат кунанд, маъмулан барои тамаркуз ба масоили Сурия ва Украина"- гуфт Бен Родс. Обама аз замони ғазби Қрим аз тарафи Русия дар соли 2014 бо Путин равобити сард дорад, аммо ӯ барои пайдо кардани заминаи муштарак бо Русия барои хатми ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия талош мекунад. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки мулоқоти Путин бо Обама то ҳол ҳамоҳанг нашудааст, аммо афзӯд, ки онҳо барои мулоқот омодаанд.

XS
SM
MD
LG