Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи энергетикӣ


Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Донишкадаи энергетикӣ ифтитоҳ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 25 август дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Хатлон бинои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро дар ноҳияи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, ки бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон 3 майи соли 2006 ҳамчун муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, таъсис дода шуда буд, шароити хуби таҳсилу илмомӯзӣ надошт.

Ҳамакнун масоҳати ҷойгиршавии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 17 гектар буда, он дорои ду факулта, 11 бино, аз ҷумла 4 бинои таълимӣ, як бинои маъмурӣ ва чор хобгоҳ, 5 синфхонаи компютерӣ, 120 компютер, 13 тахтаи электронӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, 2 ошхона барои бештар аз 300 донишҷӯён, варзишгоҳ, 2 маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ, майдонча барои гузаронидани машқҳои тактикии ҳарбӣ, таҳхона барои ҳолатҳои фавкуллода ва иншоот барои гузаронидани машқҳои тирпарронӣ мебошад.

Шумораи донишҷӯён дар ин донишкада зиёда аз 1700 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 1140 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 570 нафар дар бахши ғоибона таҳсил доранд. Донишҷӯёне, ки тибқи квота дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд 101 нафаранд, ки 34 нафари онҳо ятиму бепарастор мебошанд. Донишкада 120 устоду омӯзгор дорад, ки аз ин 12 нафар номзади илм ва 16 нафар унвонҷӯён ҳастанд. Зимнан, барои таҷдиди бинои нави маъмуриву таълимии донишкада зиёда аз 12 миллион сомонӣ сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG