Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон


Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҳудудан 450 корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро даъват карда, бархеро боздошт ва садҳо тани дигарро ҳушдор додаанд, ки дар ҳафтаҳои охир бо пахши шарҳу назарҳои худ машғул буданд. Эълоне, ки рӯзи 23 август дар як саҳифаи интернетии марбут ба ин сохтор нашр шуд, ҳокист, ки ин нафарон бо пахши назар ва андешаҳои худ тавассути шабакаи дар Эрон маъруфи Telegram машғул буданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки матолиби пахшкардани онҳо хусусияти “ғайриахлоқӣ” доштааст.

Эҳтимол баъзе боздоштшудаҳо дар баробари додгоҳ ҳозир шаванд. Дар изҳороти Сипоҳи посдорон гуфта мешавад, ки нафарони даъватшуда бар пояи мавзӯи мӯд даст ба фаъолиятҳои ғайриахлоқӣ, таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ ва дигар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ мезаданд. Моҳи май мақомот амалиётеро зидди занҳое ба роҳ монданд, ки дар шабакаи Инстаграм аксҳои бидуни рӯсарии худро нашр кардаанд, чанд нафари онҳо боздошт шуданд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳо, дар ҷомеаи иборат аз 80 миллион аҳолӣ, беш аз нисфаш фаъолона аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад ва танҳо Telegram беш аз 20 миллион корбар дорад.

XS
SM
MD
LG