Як сарбози амрикоӣ дар ҷараёни амалиёти зидди Толибон дар наздикии мавзеи Лабиғор, маркази маъмурии вилояти Ҳелманд кушта шуд. Дар ин бора миссияи таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон хабар додааст. Дар изҳороти эътилоф омадааст, ки дар ин ҳодиса як сарбози дигари Амрико ҳамроҳ бо шаш аскари Афғонистон захмӣ шуданд. Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон хабари хисоротро тасдиқ кард. Дафтари матбуоти ин генерали амрикоӣ мегӯяд, нерӯҳҳои Ийолоти Муттаҳида сарбозони афғонро "тамрину машварат медонад ва кӯмак мекарданд, ки гурӯҳи гашт ва ё патрули онҳо ба маводи таркандаи худсохт бархурд. Ҳудудан 100 сарбози амрикоӣ, барои кӯтоҳмуддат дар Лашкаргоҳҳ мустақар шуданд, аммо мақомот намегӯянд, ки ин истиқрор чӣ қадар давом хоҳад кард.