Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии шаҳрдории Душанбе барои истиқболи Дилшод


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Шаҳрдории Душанбе аз омодагӣ барои истиқболу қадрдонии Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-Де–Жанейро хабар дод. Ин мавзуъ рӯзи 22-юми август дар ҷаласаи кории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бо фаъолони пойтахт матраҳ шудааст. Ӯ гуфтааст, “шаҳрдорӣ барои пешвозу қадрдонии арзандаи Дилшод Назаров омодагии ҳамаҷониба дидааст”. Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе зикр кардааст, ки “барои рушди соҳаи варзиш дар шаҳр ва боло бурдани натиҷаву дастоварди варзишгарон мактабҳои олимпӣ таҷдид шуда, ба низоми идоракунии онҳо дастгирии махсуси гаҳрдорӣ равона карда мешаванд.” Қарор аст, Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои мусобиқоти олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия шоми 26-уми август ба Тоҷикистон баргардад.

XS
SM
MD
LG