Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷику узбак боиси марги як нафар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷику узбак дар шимоли Маскав як нафар кушта шудааст. Хабаргузории "Интерфакс" менависад, ҷанҷол нимашабии 20-уми август рух додааст. Кормандони корхонаи "Жилишник" баъди майнӯшӣ ба ҷони ҳам дарафтодаанд. Наздики 35 нафар дар ин занозанӣ ширкат доштааст. Хабар дода мешавад, ки ду корманд ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Субҳи рӯзи якшанбе яке аз онҳо фавтидааст. Ба иттилои расонаҳо, баъди ин занозанӣ ду кӯчаруби корхонаи мазкур боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG