Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Олмон барои бурқа ҷой нест"


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Олмон даъват кардаанд, ки пӯшидани бурқа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қисман манъ шавад. Рӯзи 19-уми август вазири умури дохилии Олмон Томас де Мезйер тавассути телевизиони ин кишвар гуфт, ҳизби демократҳои насронӣ мехоҳад, тақозои қонунии нишон додани симо дар ҷойҳои зарурӣ, мисли идораҳои сабти аснод, мактабу донишгоҳҳо, хидмати ҷамъиятӣ, додгоҳ ва рондани мошинро дар миён гузорад. Ба гуфти Мезйер, дар ҷомеаи олмонӣ барои бурқа ҷое нест. Пеш аз ӯ канслери Олмон Ангела Меркел гуфта буд, ки ӯ гумон надорад бурқа дар ҷомеаи кишвараш ҷои пой пайдо кунад. Дар Олмон 4 миллион мусулмон иқомат доранд.

XS
SM
MD
LG