Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санади интиқоли маҳкумшудаҳо миёни Тоҷикистон ва Иморот


Парлумони Тоҷикистон “Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон”-ро имзо кард. Сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин созишнома қаблан миёни ҳукуматҳои ду ҷониб баста шуда буд ва 16-уми август вакилони парлумон бо райъи мувофиқ барои амалӣ шудани он ризоият доданд. Борҳо аз боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар дода мешуд, аммо ҳеҷ санаде барои интиқоли маҳкумшудагон миёни Тоҷикистону ин Аморат вуҷуд надошт.

XS
SM
MD
LG