Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Дар зиндонҳои Сурия рӯзе то даҳ нафар мемиранд


Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки барои қатъи шиканҷа дар маҳбасҳои Сурия болои Димишқ фишор оранд. Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) дар гузориши тозаи худ гуфтааст, дар маҳбасҳои таҳти назорати ҳукумати Сурия нисбат ба боздоштшудагон шиканҷа ва бадрафторӣ раво дида мешавад, ки ин раванд ҷиноятҳо ба муқобили инсониятро афзоиш додааст.

Ба гузориши ин созмон, аз соли 2011, ки нооромиҳо дар Сурия оғоз шуд, 18 ҳазор нафар дар зиндонҳои Сурия ҷон доданад. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз 10 нафар фавтидааст. Дар гузориши тозаи ин созмон, назари 65 зиндонии собиқ ҳам оварда шудааст, ки даҳшат дар зиндонҳои Сурияро бо чашмони худ дидаанд ва аз миёни ҳазорон нафар аз зиндон ҷон ба саломат бурдаанд.

Маҳбусони собиқ нақл кардаанд, ки ҳангоми ворид шудан ба зиндон боздоштшудаҳо бидуни кадом пурсиш фавран лату кӯб мешаванд ва занҳои боздоштшуда мавриди таҷовуз қарор мегиранд. Ба иддаои ин созмон, ҳукумати Сурия аз солҳои пеш дар қиболи мухолифонаш аз шиканҷа кор мегирифт ва ҳоло шиканҷа саросарӣ шудааст. Amnesty International аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус аз Русия ва Амрико даъват кардааст, ки барои қатъи шиканҷа ба Димишқ фишор биоранд.

XS
SM
MD
LG