Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 толибилм дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Яман


Чирикиҳои қабилаи ҳусӣ. Акс аз бойгонӣ
Чирикиҳои қабилаи ҳусӣ. Акс аз бойгонӣ

Созмони имдодии “Табибони бидуни марз” рӯзи 14 август гуфт, бар асари ҳамлаи ҳавоӣ дар шимоли Яман 10 хонандаи мактаб кушта ва 28 тан захмӣ шудаанд. Ин созмон гуфт, ҳамла як рӯз пеш дар вилояти Саъда сурат гирифтааст. Ин минтақа зери назорати чирикиҳои қабилаи ҳусӣ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, қарор дорад ва эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ мавқеъҳои онҳоро бомбборон мекунад. СММ хабари ҳамларо тасдиқ кард ва алайҳи “ташдиди хушунатҳо” дар минтақа ҳушдор дод. Ба ҳисоби СММ, аз замони оғози ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Саудӣ дар моҳи марти соли 2015 дар Яман беш аз 6400 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG