Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набардҳои шадид дар атрофи маркази вилояти Ҳилманд


Нирӯҳои амниятии Афғонистон рӯзи 10 август дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти ошӯбзадаи Ҳилманд мустақар шуданд. Эъзоми ин нирӯҳо дар пасманзари ҷангҳои шадиди бо Толибон ва нигарониҳо аз эҳтимоли то чанд рӯзи дигар ба дасти ҷангҷӯёни ин ҷунбиш суқут кардани маркази Ҳилманд сурат мегирад. Карим Атол, раҳбари Шӯрои вилоятии Ҳилманд рӯзи 10 август гуфт, ҷангҷӯёни Толибон Лашкаргоҳро пурра иҳота кардаанд ва нирӯҳои амниятӣ аз посгоҳҳои воқеъ дар берун аз шаҳр хориҷ шудаанд. Атол гуфт, рӯзи 10 август нирӯҳои нав ба Лашкаргоҳ расиданд. Бар асари ҷангҳо ҳамаи роҳҳои асосии ба сӯи Лашкаргоҳ баста шуда, рӯзи 10 август даргириҳо дар Наво ва Гармсер – ду ноҳияи дар гузашта босуботи ин минтақа идома доштанд. Задухӯрдҳо дар ноҳияи Нодалии Ҳилманд низ давом доранд.

XS
SM
MD
LG