Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба сарбозони Туркия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти амниятии Туркия гуфтанд, дар натиҷаи як таркиш дар ҷанубушарқи ин кишвар се сарбоз кушта ва 10 тан захмӣ шудаанд. Таркиш рӯзи 10 август дар ноҳияи Улудараи вилояти Сирнак дар наздикии марзи Туркия бо шимоли Ироқ рух додааст. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ҳангоми гузаштани зиреҳпӯши низомӣ як бомби рӯироҳ таркидааст. Гузоришҳои муқаддамотӣ дар бораи ҳалокати 5 сарбоз хабар медоданд. Мақомоти амниятии Туркия мегӯянд, ба назари онҳо, ҳамла аз сӯи ҷангҷӯёни ҳизби коргарии Курдистон (PKK) анҷом шудааст. Ин гурӯҳ аз сӯи Туркия, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико созмони террористӣ шинохта шудааст. Ҷанубушарқи Туркия баъди онки ҳизби коргарии Курдистон дар соли 2015 аз оташбаси дувунимсола хориҷ шуд, ба бадтарин хушунатҳо дар ду даҳсолаи охир рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG