Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Қаробоғ - дар мулоқоти Путин ва Саргсян


Путин ва Саргсян. Акс аз бойгонӣ
Путин ва Саргсян. Акс аз бойгонӣ

Руасои ҷумҳуриҳои Русияву Арманистон Владимир Путин ва Серж Саргсян рӯзи 10 август дар Маскав баҳси давомдор бар сари минтақаи аз Озарбойҷон ҷудошудаи Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ мекунанд. Ин нишаст ду рӯз пас аз баҳси нақшаи таҳти пуштибонии САҲА дар мулоқоти Путин бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев ва раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ дар Боку ва як рӯз баъд аз дидори Путин бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки аз муттаҳидони Озарбойҷон аст, доир мешавад. Ҷудоихоҳони таҳти ҳимояти Арманистон дар ибтидои солҳои 90 Қаробоғи аксаран арманинишинро дар ҷараёни ҷанге, ки ҳудуди 30 000 кушта ба ҷо гузошт, тасарруф карданд. Нақшаи таҳти пуштибонии САҲА, ки аз сӯи Русия ва ҳимояти Фаронсаву Амрико ташвиқ мешавад, пешниҳод мекунад, ки Арманистон дар ивази гузаштҳои Боку дар мавриди мақоми Қаробоғ қаламравҳои ишғолкардааш дар атрофи ин вилоятро баргардонад. Алиев рӯзи 8 август ба Путин гуфт, “статус-квои мавҷуда қобили қабул нест” ва “сарзаминҳои ишғолшудаи Озарбойҷон бояд озод карда шаванд.” Вале пешниҳоди ба Озарбойҷон баргардондани ҳар навъ қаламраве, ки аз ибтидои солҳои 90 дар дасти нирӯҳои арманӣ қарор доранд., Саргсянро дар кишвараш ба мухолифати шадид дучор кардааст.

XS
SM
MD
LG