Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул дубора боз мешавад


Манзараи умумии донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул
Манзараи умумии донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул

Интизор меравад, ки 9 август донишгоҳи Амрико дар Афғонистон дубора фаъолияти худро аз сар бигирад. Ин донишгоҳ баъд аз рабудани ду устоди донишгоҳ баста шуда буд.

Яке аз онҳо шаҳрванди Австралия ва дигарӣ шаҳрванди Амрико дар Кобул дар посгоҳи сари роҳ дар наздикии донишгоҳ 7 август рабуда шуда буданд. Дар ин бора мақомоти расмии Афғонистон хабар додаанд.

Баъд аз он донишгоҳ баст шуд ва раҳбарони он гуфтанд, ки он ба сабабҳои амниятӣ баста мешавад. 8 август онҳо дар ин бора дар интернет эъломияе нашр карданд.

Одамрубоӣ дар Афғонистон мушкили аслӣ ба шумор меравад. Ононе, ки рабуда шудаанд, аслан шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Вале одамрубоён гаҳ-гоҳе шаҳрвандони хориҷиро низ ҳадаф қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG