Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбиниҳо дар бораи рушди иқтисоди Русия


Бонки марказии Русия мегӯяд, иқтисоди ин кишвар, ки ба таҳримоти Ғарб ва нархи пасти нафт рӯбарӯст, дар семоҳаи дуюми соли равон ҳудуди 0,3 дарсад рушд кардааст. Бино ба пешбинии Бонки марказӣ, рушди иқтисоди Русия дар семоҳаи сеюми сол 0,4 ва дар семоҳаи чорум 0,5 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин назар ба 3,7 дарсад пасрафти иқтисоди Русия дар соли 2015, нахустин соли пасрафти иқтисодии ин кишвар дар 16 соли раҳбарии Владимир Путин, беҳтар аст. Аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ҳатто ин рушди андак низ хеле хушбинона аст. Бино ба пешбинии Сандуқи байналмилалии пул, иқтисоди Русия имсол боз 1,2 фоиз коҳиш меёбад. Таҳримоти баъди тасарруфи Қрими Украина ҷорикардаи Ғарб ба иқтисоди Русия асари сахт карданд, вале ин кишвар аз уфти нархи нафт осеби боз ҳам сахттар дид.

XS
SM
MD
LG