Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар марзи Тоҷикистон


Дар як задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як қочоқбари афғон кушта шудааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 8 август ба Озодӣ гуфт, гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир шаби 5 август ҳангоми убури ғайриқонунии марз дар минтақаи марзии Панҷ бо сарҳадбонони тоҷик вориди задухӯрд шудаанд. Ӯ афзуд, қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор карданд, вале ҳангоми тафтиши ҷои ҳодиса ҷасади як шаҳрванди 22-солаи Афғонистон бо номи Абдураҳмон Амонбой, сокини рустои Қарлиқи вулусволии Дашти Арчии вилояти Қундуз, ҳамчунин 20 кило ҳашиш ва 2,2 кило бангдона ёфт шудааст. Ба гуфтаи Улуғхоҷаев, ин алакай 16-умин даргирии мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон аз оғози соли ҷорист. Дар ин даргириҳо, ба ҳисоби марзбонҳои тоҷик, 8 марзшикан кушта шудаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки ҳудуди 1400 километр аст, яке аз масирҳои қочоқи афюну ҳероин ва ҳашиши “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG