Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ду корманди полиси маҷрӯҳшуда дар Алмаато


Ду корманди полис, ки бар асари тирандозӣ дар шаҳри Алмаато рӯзи 18 июл ҷароҳат бардошта буданд, аз олам даргузаштанд. Дар ин бора ба хабаргузории русии ТАСС рӯзи 1 август дар раёсати умури дохили шаҳр хабар доданд. Ба ин васила теъдоди қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳона дар Алмаато ба 8 нафар расид.

Рӯзи 18 июл соати 10-54 дақиқа марди мусаллаҳ бо туфангча дар шӯъбаи умури дохилии Алмалин як пулисро маҷруҳ карда, силоҳашро соҳиб шуд. Ӯ аз силоҳи пулис сӯи бахши навбатдории шӯъба тир кушод ва дар натиҷа чаҳор пулис маҷруҳ ва як шаҳрванди осоишта кушта шуданд. Марди мусаллаҳ аз бино берун шуда мошинеро манъ карда назди бинои бахши КДАМ ба кӯчаи Байзаков рафт. Дар роҳ ӯ сӯи мошини пулис оташ кушод. Дар канори бинои бахши КДАМ мошини дувуми пулисро тирборон кард. Баъдан ӯ дар маркази шаҳр бо пулисҳои навбатдор вориди тирандозӣ шуд. Як корманди полис маҷрӯҳ шуд, дуввумӣ тавонист, ки марди мусаллаҳро безарар гардонад.

Ҳамлагар шаҳрванди 27-сола Руслан Кулекбоев қаблан барои яғмои молу амвол ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ маҳкум ба маҳбас шуда буд.

Аз ин пеш 5 июли соли равон як гуруҳи мусаллаҳ ба ду фурӯшгоҳи силоҳ ва қисми низомии Оқтеппа ҳамла кард, ки дар натиҷа 7 нафар, се низомию чаҳор сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ 18 гумонбари мусаллаҳ кушта ва 9 тани дигар боздошт шуданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ҳамлагарон узви гуруҳи ифротгарои динии ғайрисуннатиянд.

XS
SM
MD
LG