Мухолифини мусаллаҳе, ки дар дохили як идораи пулис дар Ереван, пойтахти Арманистон сангар гирифтаанд, даст доштанашон дар қатли афсари пулисро рад мекунанд. Варужан Аветисян, як узви аршади ин гурӯҳ рӯзи 31 июл гуфт, пулис иштибоҳан онҳоро ба куштани ин афсар айбдор мекунад. Пулис мегӯяд, ин афсар рӯзи 30 июл вақте тир хӯрд, ки дар 400-метрии бинои ишғолшуда дар дохили мошин нишаста буд. Мақомот рӯзи 30 июл ба силоҳбадастон зарбулаҷал доданд, ки то шоми шанбе бинои пулисро тарк кунанд, вагарна ба амалиёти густарда рӯбарӯ хоҳанд шуд. Замони ин зарбулаҷал тамом шуд, вале наворҳои зиндаи бахши армании Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки пулис рӯзи 31 июл низ дар атрофи бино сангар гирифтааст. Афроди мусаллаҳ, ки аксар собиқадорони ҷанги Қаробоғ алайҳи Озарбойҷонанд, аз рӯзи 17 июл бинои пулисро дар маҳаллаи Эребуни ишғол карда, раҳоии раҳбари мухолифин Жирайр Сефилян ва истеъфои раисиҷумҳур ва сарвазири Арманистонро ба далели бархӯрдашон ба роҳҳои ҳалли низои Қаробоғ талаб доранд.