Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коридорҳои амниятӣ" дар атрофи Ҳалаб


Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, рӯзи 30 июл 169 нафар, аксаран занони синнашон аз 40 боло бо истифода аз “коридорҳои амниятӣ”-е, ки Сурияву Русия ба хотири кӯчондани сокинони мулкии Ҳалаб ташкил додаанд, тарки ин шаҳр кардаанд. Вале нирӯҳои мухолифин дар Ҳалаб ин хабарро ҳамчун “тарғибот” рад карданд ва гуфтанд, аз 4 “коридори амниятӣ” дастикам сеяш рӯзи 30 июл баста буд. Дар қисматҳои таҳти назорати мухолифин дар Ҳалаб, бино ба ҳисобҳо, 250 ҳазор мардуми мулкӣ дармондаанд. Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, бархе мухолифини мусаллаҳ низ талош кардаанд тавассути ин коридорҳо берун омада, ба хотири афве, ки Димишқ пешниҳод кардааст, худро ба нирӯҳои давлатӣ таслим кардаанд. Наворҳои телевизионҳои давлатии Сурия лаҳзаҳои убури мардум аз “коридорҳои амниятӣ”-ро намоиш надод. Тасдиқи иддаоҳои матбуоти давлатӣ аз сӯи манобеи мустақил низ амри муҳол ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG