Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири Русияро дар Рио 3 нафар ҳал мекунанд


Кумитаи байналмилалии олимпӣ(IOC) шоми 30 июл гуфт, як ҳайъати иборат аз 3 нафар тасмими ниҳоӣ хоҳанд гирифт, ки кадом варзишгарони Русияро ба Бозиҳои Олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро роҳ диҳанд. Сухангӯи IOC Марк Адамс гуфт, тасмими ин ҳайъат баъди баррасии парвандаи ҳар варзишгар аз сӯи Додгоҳи арбитражи варзиш гирифта хоҳад шуд. Адамс гуфт, ин раванд то 5 август – рӯзи ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Рио такмил хоҳад шуд. То кунун дастикам 117 нафар аз 387 узви тими олимпии Русияро бар асоси натиҷаҳои таҳқиқи барномаи допинги таҳти ҳимояти ҳукумати он кишвар аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум кардаанд.

XS
SM
MD
LG