Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Словения сафар мекунад


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 30 июл дар пасманзари танишҳои байни Маскав ва Иттиҳодияи Аврупову НАТО ба Словения сафар мекунад. Словения, ки узви ҳам Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам паймони низомии НАТО-ст, бо вуҷуди пайвастан ба таҳримоти зидди Русия барои пуштибониаш аз ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар Украинаи шарқӣ ва тасарруфи вилояти Крими Украина, равобити дӯстонаашро бо Русия ҳифз кардааст. Словения сафари Путинро ғайрирасмӣ меномад. Вале дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Ройтерс гуфтаанд, ки онҳо метарсанд, ки Русия кишварҳои бо Маскав дӯсти Аврупо, бо шумули Словенияро ба хотири ба ҳам задани иттифоқи назари кишварҳои узв дар масъалаи таҳримоти зидди Маскав ташвиқ мекунад. Раисиҷумҳури Словения Борис Паҳор ба хабаргузории русии ТАСС гуфт, ҳадафи сафар эъмори боварӣ ва муколима аст. Паҳор рӯзи 28 июл гуфт, “ин сафар, бо вуҷуди бархе ихтилофи назарҳо дар дидгоҳҳои ду кишвар дар масоили мушаххас, ба дӯстии суннатии Словения ва Русия арҷ мегузорад.” Словения, ки 2 миллион аҳолӣ дорад, соли 1991 аз Югославия мустақил шуд ва дар соли 2004 ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО пайваст.

XS
SM
MD
LG