Пулиси Арманистон шаби 29 июл бо садҳо нафари гирдиҳамомада дар назди як шӯъбаи пулиси пойтахт, шаҳри Ереван, ки аз сӯи як гурӯҳи мухолифин ишғол шудааст, вориди задухӯрд шуд. Хушунатҳо дар минтақаи Еребуни, ки аз ҷумла се хабарнигори Радиои Озодиро захмӣ ба ҷо гузошт, дар ҳоле сурат гирифт, ки аз сӯи шӯъбаи пулиси ишғолшуда садои тиру таркиш ба гӯш мерасид. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё нирӯҳои амниятӣ ба амалиёти густарда оғоз кардаанд ё на? Эътирозгарони ҳаводори гурӯҳи силоҳбадаст ба таври ғайриинтизор талош карданд, ки аз самбти маҳаллаи ҳамсояи Саритоғ ба бинои ишғолшуда дароянд. Бархеи онҳо ба сӯи пулис санг меандохтанд. Пулис дар ҷавоб аз норанҷакҳои садоӣ истифода бурд. Раҳбари идораи пулиси Ереван Ашот Карапетян ва дигар афсарони баландпояи интизомӣ ду раҳбари тазоҳургарон – Армен Мартиросян ва Левон Барсегянро ҳушдор доданд, ки онҳо бояд издиҳомро ба маркази шаҳр баранд. Карапетян гуфт, “Армен, шумо онҳоро нахорат карда наметавонед. Онҳо санг меандозанд. Бархе маъмурони пулис захмӣ шуданд. Ба мардум бигӯед, қафо баргарданд, ба маҳалле, ки гирдиҳамоӣ доштед.” Армен Мартиросян гуфт, ин “иғвогарон” буданд, ки санг меандозанд. Ӯ афсарони пулисро итминон дод, ки издиҳом қасди рӯёрӯӣ бо пулис ва убури садди гузоштаи нирӯҳои амниятиро надорад. Аммо намояндагони пулис ин замонатро рад карда, гуфтаанд, ки раҳпаймоӣ ғайриқонунист ва тирандозӣ дар атрофи бинои ишғолшуда барои гирдиҳамомадагон ҳам хеле хатарнок аст. Тақрибан баъди 10 дақиқа пулис алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар ва норинҷакҳои садоӣ истифода бурд. Чанд тазоҳургар, бо шумули хабарнигорони Озодӣ Карлен Асланян, Ҳованнес Мовсисян ва Гарик Ҳарутюнян дар роҳи бозгашт аз маҳалли даргириҳо мавриди ҳамла ва латукӯб аз сӯи афроди либоси мулкӣ дар тан ва мусаллаҳ бо калтакҳои оҳанӣ қарор гирифтанд.