Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши зиддитеррористӣ дар Чоруқдаррон поён меёбад


Дар тамрингоҳи низомии Чоруқдаррон, воқеъ дар канори шаҳри Хуҷанд, бо ҷалби беш аз 30 ҳазор сарбозу афсарон размоиши муштараки зидди террористӣ ҷараён дорад.

Фаридун Маҳмадализода, сӯхангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 29 юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин размоиши чоррӯза аз ҷониби вазорати дифоъ дар чорчӯби омодагии ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳ ва бо ҷалби тамоми навъҳои нерӯи ҳарбӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон доир мегардад. Размоиши муштарак дар чаҳор марҳила роҳандозӣ мешавад ва барои иштирок дар онҳо беш аз 30 ҳазор ҳайати шахсӣ, раҳбарони шаҳру ноҳияҳо, нерӯҳои ҳама ҷузъу томҳои низомӣ ва сарбозу афсарони эҳтиётӣ, наздики сад адад зиреҳпӯши ҳарбӣ, артиллерияву мошинҳои ҳарбӣ ва тақрибан 10 чархболи низомӣ ҳам ширкат доранд, афзуд ӯ.

Ҷаноби Маҳмадализода афзуд, ин размоиши низомӣ рӯзи 26 –ми июл оғоз шуда, дар 4 марҳала: ҷамъомади мудофии ҳудудӣ, мшғулиятҳои омодгии сафарбарӣ ба амалиёти ҷангӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ ва тактикии зиддитеррористӣ ҷарён мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, 29 юми июл марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки ҳарбӣ дар шимоли Тоҷикистон дар тамрингоҳи Чорухдаррон, шимоли Хуҷанд бо роҳандозии амалиёти густардае алайҳи “гурӯҳҳои террористӣ ва маҳви онҳо” нҷом мегирад: “Бар тибқи ривоят, гурӯҳҳои террористии мусаллаҳ аз марзи Тоҷикистон убур мекунанд ва дар маҳали наздимарзие сокинонро гарвгон мегиранд. Нерӯҳои мусаллаҳи ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон алайҳи он “гурӯҳҳои террористӣ” амалиёти мштарки масаллаҳ роҳандозӣ мекунанд ва аз замин, тавассути зиреҳпӯшҳои ҳарбӣ ва тӯпхонаҳо ва аз ҳаво тавассути чархболҳо онҳоро зери оташ мегиранд. Бар сари “террористон” нерӯҳои десантӣ фуруд меоянд ва сарбозону афсарон тавассути техникаҳои ҳарбӣ бо оташкушоии шадид сӯи “гурӯҳҳои террористӣ” ҳаракат мекунанд.”

Дар марҳилаи ниҳоии размоиши муштарак вазири дифои Тоҷикистон, раҳбарони ҳукуматҳои вилоятиву навоҳии вилояти Суғд ширкат мекунанд.

Чунин размоиши муштараки ҳарбӣ моҳи августи соли гузашта низ бо ширкати ҷузву томҳои вазоратхонаҳои қудратии кишвар дар вилояти Суғд доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG