Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархурди автобус бо мошини боркаш дар Қазоқистон


Дар натиҷаи бархурди автобуси мусофирбар бо мошини боркаш дар роҳи Екатеринбург-Алмаато дар вилояти Кустанайи Қазоқистон 37 нафар осеб дидаанд. Шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, дар миёни осебдидагон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. 13 нафар шаҳрвандони Русия осеб дидаанд ва аз шаш нафари ба ҳалокатрасида 2 нафар шаҳрванди Русия ва 3 нафар шаҳрванди Қазоқистон будаанд. Шахсияти як кушташудаи дигар маълум нашудааст.

Се нафари дигар дар бахши эҳёгарии бемористони ноҳияи Қарабалиқ бистарӣ мебошанд.

Дар автобус 44 мусофир ва ду ронанда нишаста будаанд. Ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбе рух додааст. Ба сабабҳои ин ҳодисаи нақлиётӣ расидагӣ сурат мегирад.

Видеоҳои охирин

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG