Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон: шарикони ҳамлагарони бинои пулис дастгир шуданд


Хадамоти амнияти миллии Арманистон мегӯяд, шарикони аъзои "Маҷлиси муассисон", ки бинои пулис дар Ереванро ғасб карда буданд, боздошт шудаанд.

Ин ниҳод дақиқ нагуфтааст, ки чанд касро дастгир кардааст. Вале мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шахсонеро ҷустуҷӯ дорад, ки эҳтимолан қасди кумак ба ҳамлагаронро доштанд.

Субҳи 17 июл ҷонибдорони мусаллаҳи Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози Ҳизби мухолифи “Маҷлиси муассисон” дар Ереван ба шуъбаи корҳои дохилӣ ҳамла ва кормандони пулисро ба гарав гирифтанд. Дар натиҷа муовини сардори шуъба Артур Ваноян кушта ва чаҳор корманди пулис захмӣ шуданд.

Ҳамлагарон талаб доранд, Сефилян, ки моҳи дувум аст, бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ дар ҳабс қарор дорад ва ҷонибдоронаш ӯро маҳбусӣ сиёсӣ медонанд, озод шавад. Мақомоти Арманистон иҷрои талаби гаравгонгирҳоро имконнопазир медонанд ва дар наздикии бинои ғасбшудаи пулис нерӯҳои махсус дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд.

Қаблан дар рафти гуфтушунид бо ҳамлагарон чанд тан аз гаравгонҳо озод карда шуд.

XS
SM
MD
LG