Дар пайи садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ 6 нафар ба ҳалокат расида ва як тани дигар захмӣ шудааст. Маркази матбуоти раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ин садамаи маргбор рӯзи якшанбеи 24-уми июл дар километри 258-уми шоҳроҳи Душанбе – Чанноқ, дар ҳудуди ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи худрави “Тойота-Каролла” Шералӣ Рабиев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин маҳал ба самти муқобили ҳаракат баромада ва ба автомобили “Мерседес Бенс”, ки паси фармони он Соҳибҷон Юнусов ва баъд аз он ба боз ба як амтомашинаи “Мерседес”, ки Сӯҳроб Сабуров меронд, бармехӯрад.
Дар натиҷаи бархӯрдҳо, ронандаи “Тойота-Каролла” Шералӣ Рабиев ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи Истаравшан бистарӣ шудааст. Вале 2 мусофири ин мошин -- Даврон Холов ва Майрам Холова, ҳамчунин ронандаи “Мерседес Бенс” Соҳибҷон Юнусов ва 3 мусофирааш -- Исроилҷон Тоҷибоев, Ҷамшед Файзиев ва Азимбой Ҷӯраев дар ҷои садама ба ҳалокат расидаанд.