Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон як рӯзи мотам эълон шуд


24 июл дар Афғонистон рӯзи мотам эълон шудааст. Як рӯз пеш дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии сулҳомез дар байни ширкаткунандагон ду таркиш рух дод ва дар он бештар аз 80 нафар кушта шуданд.

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, аз ононе ки дар ин таркиш масъул ҳастанд “қасос” хоҳад гирифт. Аз соли 2001 то ҳол, яъне аз замоне ки нирҳои Амрико ба Афғонистон даромаданд, ин хунинтарин таркиш дар Кобул будааст.

Масъулияти ин ду таркиши маргталабонаро гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ бар душ гирифт. Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки дар ин таркишҳо ҳамчунин 231 нафар захмӣ шудаанд.

Ин таркишҳо асосан ақалиятҳои ҳазораро дар чорроҳии Деҳмазанг ҳадаф қарор дода буданд. Ҳазорон нафар ҳазораҳо 23 июл ба тазоҳурот баромаданд, то аз ҳукумат бихоҳанд, ки шабакаи барқи 500 виловатӣ аз вилояти Бомиён бигзарад ва онҳо низ аз нируи ин барқ баҳраманд шаванд.

Агар иддаои ДОИШ дар бораи анҷоми ин бамгузориҳои маргталабона таъйид шавад, дар он сурат ин нахустин ҳамалаи тундравҳои ДОИШ дар Кобул хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG