Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Олмон аз Туркия барои лағви вазъи фавқулодда


Франк Волтер Штайнмайер
Франк Волтер Штайнмайер

Франк Волтер Штайнмайер -вазири корҳои хориҷаи Олмон аз Туркия хост, ки вазъи изтирориро бекор кунад. Вай аз муддати тулонӣ давом кардани чунин вазъ изҳори нигаронӣ кард.

Штайнмайер ҳамчунин аз ҳукумати Туркия хост, ки волоияти қонунро нигоҳ дорад ва ҳуқуқи инсон нисбат ба мардуми фиребхӯрда дар омодагии ошӯбро риоят кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия эълон кард, ки барои се моҳ дар ин кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ мешавад.

Чунин вазъ имкон медиҳад, ки раиси ҷумҳур бидуни тасвиб дар порламон қонунҳои нав қабул кунад. Фаъолони ҳуқуқи башар ҳарос доранд, ки ин кор боиси ворид овардани фишор ба ҷонибдорони кудетои ноком мешавад.

Шаби 16 июл дар Туркия талоши кудетои низомӣ анҷом гирифт ва мақомот онро саркӯб карданд.

XS
SM
MD
LG